70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа
Дастоварди муҳимми сектор рисолаи А. Мухторов «Балхи охириасримиёнагӣ. Материалҳо оид ба топографияи таърихии шаҳр дар асрҳои XVI-XVIII. – Душанбе: Дониш, 1980 (7 ҷ. ч.) ва маҷмўаи «Хотираи А. А. Семёнов» (гурўҳи муаллифон). Душанбе: Дониш, 1980 ҳисоб меёбанд.
Ҳамин тариқ, солҳои 70-уми асри гузашт барои сектори таърихи асрҳои миёна, ҳамчунин барои тамоми Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш, даҳсолаи дастовардҳои муҳим, даҳсолаи рушди илми таърихи ҷумҳурӣ, ки дар он хизмати ходимони тамоми секторҳои он эҳсос мешавад, аҳамияти калидӣ дошт.
Ба солҳои 80-ум сектори таърихи асрҳои миёна бо пойгоҳи мустаҳкам, бо фазои муайяни фаъолияти касбии ходимонаш ворид гардид. Кормандон мисли пешина дар чаҳорчўбаи масъалаи «Таърихи форматсияи феодалии халқҳои ИҶШС» кор бурда, диққати асосиро ба мавзўи «Таърихи иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсии Осиёи Миёна дар асрҳои миёна (аз рўи ҳуҷҷатҳои расмӣ, маъхазҳои дастнавис ва ёдгориҳои катибавӣ)» равона карда буданд.
Аз таълифоти муҳимтарини соли 1982 ба табърасида, барориши факсимилии «Мунтахаб-ат-таворих»-и Муҳаммад Ҳакимхон. Душанбе: Дониш (ба чоп тайёркунанда, муаллифи пешгуфтор А. Мухторов ва муҳаррири масъул М. С. Осимов), А. Мухторов, Н. Неъматов, В. Ранов, Ю. Яъқубов «Саёҳат дар Суғд». Душанбе: Ирфон, 1872 (7 ҷ.ч.) ва китоби А.Мухторов «Аз пайи таърихи кўҳан» (7 ҷ.ч.) ҳисоб меёбанд.
Ба ғайр аз мақолоти сершумори дар маҷмўаҳои илмӣ, маҷаллаю рўзномаҳо ба табърасидаи соли 1983, таълифоти ниҳоят муҳимми Б.
Искандаров «Ҷанбаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсии таърихи мулкҳои Помир (асри X-нимаи аввали асри XIX)», дар ҳаҷми 9,5 ҷ.ч., А.
Мухторов ва Ш. Шарифов «Академик Бобоҷон Ғафуров» (дар ҳаҷми 5 ҷ.ч.), ҳамчунин нашри маъхази ниҳоят муҳимми таърихии муаллифи номаълум «Ҳудуд-ул-олам», ки аз тарафи Н. Қосимов ба чоп тайёр карда шуда буд, дастоварди муҳимми ин сол маҳсуб мешаванд.
Соли 1984 китобҳои А. Мухторов «Дурдонаҳои маданияти тоҷик дар ганҷинаҳои Ҳиндустон» (9 ҷ. ч.) ва «Балхи охириасримиёнагӣ», ки дар Донишгоҳи Ню-Йорк ба табъ расида буд, ба дасти мухлисону мутахассисон расиданд.
Соли 1985 тибқи нақша чопи факсимили китоби дувуми Ҳакимхон «Мунтахаб-ат-таворих» бо пешгуфтори А. Мухторов (15 ҷ.ч.) анҷом ёфт. Дар хориҷи чумҳурӣ (Кобул) А. Мухторов дар шакли мақола «Ҳудуд-ул-олам» ва «Омўзиши эҷодиёти Бедил дар Тоҷикистони Шўравӣ»-ро интишор намуд.
Тибқи Қарори раёсати АИ ҶШС Тоҷикистон аз 26 июни соли 1926 таҳти рақами 165 дар сохтори Институти таърихи ҶШС Тоҷикистон як қатор дигаргунсозиҳо ба низом дароварда шуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё