70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа
10, ки гурўҳи муаллифон бо иштироки А. Мухторов таълиф намуда буданд, ба чоп расиданд.
Дар нимаи дуюми солҳои 70-ум сектор фаъолияти худро аз рўи масъалаи умумии «Таърихи форматсияи феодалии халқҳои ИҶШС»
пеш бурда, диққати асосиро ба мавзўи «Таърихи иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсии Осиёи Миёнаи асримиёнагӣ (аз рўи ҳуҷҷатҳои расмӣ, китобҳои дастнавис ва ёдгориҳои катибавӣ)», равона кард.
Аз рўи ин мавзўъ ходимони сектор кофтукови сарчашмаҳоро идома дода, дар асоси маводи ба дастомада ба таҳлилу таълифи масоили таърих ва таърихи фарҳанги тоинқилобии халқи тоҷик машғул буданд. Ба туфайли кўшиши пайваста чунин таълифот ба анҷом расонда шуд: А. Мухторов – «Балхи охири асримиёнагӣ (материалҳо барои топографияи таърихии шаҳр дар асрҳои XVI-XVIII)» дар ҳаҷми 7 ҷ. ч., Ш. Юсупов – «Таърихи шаҳри Душанбе» (8 ҷ.ч.), Қ.
Элчибеков «Ҳуҷҷатҳо доир ба таърихи Дарвози асрҳои XVIII – ибтидои XX» (6 ҷ. ч. дар шакли дастнавис), Р. Одилбекова – «Вазъи иқтисодӣ ва ҳаёти мадании ноҳияҳои ғарбии Помир» (2 ҷ.ч.).
Дастоварди муҳимми соли 1977 ба чоп расидани корҳои тадқиқотии Б. И. Искандаров «Рушди илми таърих дар Тоҷикистон», А.
Мухторов «Ёдгориҳои катибавӣ дар Кўҳистон (асрҳои XI-XIX)» ба ҳисоб меравад1. Ҳамон сол ходими илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ Н. Неъматов китоби «Давлати Сомониён»-ро аз чоп баровард. Ҳарчанд ин рисола ба фаъолияти ходимони илми сектори асрҳои миёна иртиботе надошта бошад ҳам, вале он ба таърихи давраи тақдирсози асрҳои миёнаи тоҷикон бахшида шудааст.
Ходимони сектор соли 1978 34 мақолаҳои илмӣ ба чоп расонда, аз ҳудуди ноҳияҳои Айнӣ ва Панҷакент бештар аз 100 ҳуҷҷатҳои расмӣ ҷамъоварӣ намуданд. Ҳамчунин чандин ёдгориҳои катибавӣ кашф ва ба қайд гирифта шуданд2.
Соли 1980 таълифоти «Луғати тоҷикӣ-русӣ аз таърих» (муратибон А. Мухторов ва А.Ягонӣ), дар ҳаҷми 8 ҷ.ч., «Луғати ибораҳои мусиқии шарқии А. А. Семёнов» (муратибон А. Мухторов ва А. Низомов), дар ҳаҷми 5 ҷ.ч., «Ёдгориҳои катибавии Самарқанд асрҳои XI-XIV (муаллиф Л. Додхудоева) дар ҳаҷми 8 ҷ. ч, «Ҳуҷҷатҳо доир ба таърихи кишоварзии Қаротегин, Маҷмўаи ҳуҷҷатҳо» (мураттиб Р. Одилбекова), дар ҳаҷми 8 ҷ. ч, «Таърихи отряди сарҳадии Помир»
(муаллиф Қ. Элчибеков), дар ҳаҷми 4 ҷ. ч., «Доир ба таърихи муносибатҳои аграрӣ дар вилояти Ӯротеппа (аз рўи материалҳои оқсоқолии Шаҳристон (муаллиф Х. Қурбонова) дар ҳаҷми 8 ҷ. ч.
анҷом ёфтанд.
1 Бойгонии ҷории ИТБМ АИ ҶТ (Ҳисоботи корҳои илми-тадқиқотии Институт барои с. 1977). – В.20-21.
2 Ҳамон ҷо. (1978). – В.8-10.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё