Зеҳн
70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

таи халқи тоҷик Аҳмади Дониш» ба табъ расиданд1. Рўйи чоп омадани тадқиқоти ниҳоят муҳимму бунёдии Б. Искандаров «Бухорои Шарқӣ ва Помир дар нимаи дуюми асри XIX» дар ду китоб (Душанбе, 1962-1963) муҳимтарин падидаи илмии сектор дар нимаи аввали солҳои 60-ум ҳисоб меёбад.
Натиҷаи назарраси тадқиқотии сектор дар тўли чанд сол доир ба масъалаи «Ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва рушди фарҳангии халқи тоҷик дар асрҳои миёна» ба чоп тайёр намудани ҷилди дувуми «Таърихи халқи тоҷик», ки асрҳои V-XVI-ро дар бар мегирифт, ҳисоб меёбад2.
Соли 1965 дар сектор аввалин даста барои ҷамъоварии ҳуҷҷатҳои расмии давраи тоинқилобӣ ва сангнавиштаҳои ноҳияи Ҳисор зери роҳбарии А.Мухторов ташкил ёфт. Дар натиҷаи фаъолияти он даста зиёда аз 350 ҳуҷҷатҳои расмии ба асрҳои XVII – ибтидои XX тааллуқ дошта, чандин сангнавиштаҳои болои қабрии асрҳои XV-XVIII, 312 сикка (асрҳои I-XIX), ду сарсутуни бо кандакории аҷоиб оро ёфтаи замони юнону бохтарӣ ва дигар маълумоти шифоҳӣ доир ба ҷунбишҳои мардумии ноҳияҳои Нов ва Ғарм (феълан Рашт) гирдоварӣ шуданд3.
Соли 1966 рисолаи илмии Н. Маҳмудов «Зироаткорӣ ва муносибатҳои аграрӣ дар Осиёи Миёна асрҳои XIV-XV (10 ҷ.ч.) ва китоби А. Мухторов «Кандакорӣ дар чўб дар водии Зарафшон (Китобнигораи (албом) нақшҳои асримиёнагӣ)» ба табъ расиданд4.
Фаъолияти сектори таърихи асрҳои миёна дар нимаи аввали солҳои 70-ум бо суръат пеш мерафт. Ходимони сектор зери роҳбарии А. Мухторов дар ҳудуди Вилояти мухтори Бадахшони Кўҳӣ корҳои нақшавиро пеш бурда, чандин навиштаҷоти болои санг, нақшу нигори ниҳоят ҷолиби болои чўбро пайдо намуданд. Аз аҳолии маҳаллӣ 160 ҳуҷҷати нодири ба асрҳои XVIII-XX тааллуқ дошта ва маълумоти зиёди шифоҳӣ доир ба анъанаҳои халқии сокинони кўҳистон ҷамъ оварда шуд. Яке аз дастоварҳои муҳимми сектор соли 1971 дифои рисолаи доктории мудири он А.Мухторов дар мавзўи «Ёдгориҳои катибавии асрҳои XI-XIX аз Кўҳистон, чун сарчашма доир ба таърихи халқҳои Осиёи Миёна» дар Институти шарқшиносии АИ ИҶШС дар Москва ҳисоб меёбад.
Соли 1973 дастхати «Таърихи Бадахшон», ки аз тарафи Б. Искандаров ва А.Ягонӣ ба нашр тайёр шуда буд, дар Москва (зиёда аз 25 ҷ.ч.), китоби дарсии «Таърихи ҶШС Тоҷикистон» барои синфҳои 7–

1 Ҳамон ҷо. – В.60.
2 Ҳамон ҷо. – П.377. (Ҳисоботи Институт ва секторҳои он барои с. 1961). – В.61.
3 Бойгонии ИТБМ АИ. – Ф.2. – Оп.1. – П.392. (Ҳисоботи фаъолияти илмӣтадқиқотии Институт ва секторҳои он барои с. 1964-1965). – В.208-209.
4 Ҳамон ҷо. – П.404. (с. 1966). – В.11-1.

пешина
аз 162
навбатӣ