70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа
Олимони институт соли 2021 ба таълифи таърихи 12 ҷилдаи тарихи халқи тоҷик шуруъ намуданд, ки дар заминаи манобеи дасти аввал ва навтарин пажуҳишҳои олимони соҳа, махсусан тоҷикшиносӣ бояд дар ду панҷсола анҷом пазирад. Ҳамзамон натиҷаҳои илмии ба даст овардаи олимони муассиса дар симпозиум ва конференсияҳои байналмилалию ҷумҳуриявӣ ва мизҳои мудаввар бо ҷалби мутахассисони шинохтаи дохилию берунӣ мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтанд. Кормандони институт оид ба натиҷаҳои фаъолияти илмии хеш дар конференсияҳои сатҳи гуногун, пеш азҳама ҳамоишҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ бо маърўзаҳои илмӣ гузоришҳо доданд.
Таҷлили ҷашни 5500-солагии Саразми бостонӣ, ки асосан бо ҳидояту ибикорот ва иштироки бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, яке аз самтҳои асосии фаъолияти Институт баҳри муаррифии таърихи хеле қадимаи халқи тоҷик ба сокинони кишвар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад. Дар ин самт баробари корҳои зиёди бостоншиносӣ, ки муддати якунимсол пайваста идома дошт ва нашри зиёда аз 20 номгў китобу маҷмўа, поккорӣ ва омодасозии ёдгорӣ ба ҷашн, симпозиуми ҷаҳонӣ, конференсияҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва чандин мизи мудаввари илмӣ низ гузаронида шуданд. 10-11 сентябри соли 2020 дар шаҳри Панҷакент Симпозиуми байналмилалии «Саразм – оғози тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон» баргузор гардид, ки дар он баробари олимону мутахссисони кишвар, муҳаққиқони шинохта аз шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Новосибирск ва Барнаули Россия, Белорусия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Хитой, Франсия, Олмон, ИМА, инчунин зиёда аз 30 нафар ҳайати дипломатии кишварҳои хориҷӣ ширкат намуданд.
Рўзи 12 сентябри соли 2020 бо иштироки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Саразми бостонӣ 5500- солагии ин ёдгории нодири аҳди бостон ҷашн гирифта шуд. Дар ин ҳамоиши сатҳи баланд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, таъкид карданд, ки «ҷомеаи илмӣ маданияти саразмиёнро барҳақ ибтидо ва асоси тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии ҳавзаи байни дарёҳои Сиру Ому мешуморад».
Мудирони кулли СММ оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ЮНЕСКО) хонум Одрӣ Азулэ ва Созмони ҷаҳони исломӣ оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ИСЕСКО) Салим Муҳаммад -ал-Малик дар суханрониҳои видеоии худ аз таъриху тамаддуни қадимаи тоҷикон ва нақши Саразми бостонӣ дар ташаккул ва рушди фарҳанги минтақаи Осиёи Марказӣ ёдовар шуданд.
Доир ба шаҳри Саразми бостонӣ китобу албомҳои «Саразм ( доир ба ташаккули маданияти кишоварзӣ дар водии Зарафшон», «Саразм-оғози тмаддуни тоҷикон», «Болооби Зарафшон дар охири ҳазорсолаи III-II то милод», «Ҳунари Суғди бостон», «Ҳунарҳои мардумии Болооби Зарафшон», «Суғдиён: пажўҳише дар таърих, фарҳанг ва вазъи иҷтимоӣ», «Харитаи бостоншиносии Тоҷикистон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё