Зеҳн
70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Болооби водии Зарафшон», «Андар шинохти Саразм», «Ролан Безенвал-муҳаққиқи Саразм», маводҳои конференсияҳо ва симпозиумҳои илмӣ бо унвони «Саразм» (чор барориш) ба нашр расиданд.
Самти ниҳоят муҳимми фаъолияти институтро ҷустуҷў ва таҳқиқоти бостоншиносии ҳудуди ҷумҳурӣ ва берун аз он ташкил медиҳад. Ҷумҳурии Тоҷикистонро осорхонаи ҷовидонаи таърих меноманд ва имрўз дар ҳудуди кишвар бештар аз се ҳазор ёдгориҳои таърихӣ – бостоншиносӣ мавҷуданд. Ҳар сол бо роҳи ташкили экспедитсияҳои бостоншиносӣ таҳқиқ ва омўзиши ин ёдгориҳо бо ҷалби мутахассисони институт ва ҳамкорони хориҷӣ тибқи нақшаи пешакии тарҳрезишуда анҷом меёбад. Танҳо соли 2019 22 экспедитсияи бостоншиносӣ гузаронида шуд, 12 тои он экспедитсияи муштараки байналмилалӣ буд.
Соли 2020 бостоншиносон дар мавзеъҳои Панҷакенти қадим Саразм, Саразм-2, Ҳулбук, шаҳри Кўлоб, Қалъаи Балҷувон, Санҷаршоҳ, Лағмон, Қалъаи Кўлоб, Карон ва Тахти Сангин ҳафриёт гузарониданд. Паҳншавии касалии ҳамагири «Ковид-19» ва ниҳоят маҳдуд шудани ҳаракат дар миқёси ҷаҳон боиси ба таъхир афтодани экспедитсияҳои муштараки байналмилалии бостоншиносӣ бо ҳамкорони хориҷӣ гардида бошад ҳам, муҳаққиқони институт корҳои таҳқиқотӣ ва ҷустуҷўиро идома дода, ба дарёфти нигораҳои нодир, кашфи қабатҳои нави маданӣ, осори фарҳанги қадим ва аҳди бостон ноил гардиданд.
Ба хотири муаррифии таъриху тамаддуни қадимаи тоҷикон, дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҷаҳониён ва ҳамзамон ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ кормандони институт дар таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои гуногуни байналмилалӣ, ворид намудани ёдгориҳои нодир ва суннатҳои волои аҷдодӣ ба феҳристи ягонаи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО, ташкили намоишномаҳои гуногуни минтақавию ҷаҳонӣ фаъолона ширкат меварзанд. Аз ҷумла, таҳияи номинатсияи шаҳрҳои қадимаи Ҳулбук ва Панҷакент ба мероси фарҳангии ЮНЕСКО, коркарди ёдгориҳои долонҳои асосии Шоҳроҳи абрешим, ки аз ҳудуди ҷумҳурӣ мегузаштанд, бо иштироки бевоситаи олимони муассиса амалӣ мегардад.
Бори нахуст дар яке аз шаҳрҳои бузурги Аврупо, шаҳри Париж зери унвони «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» намоиши нигораҳои марбут ба таърихи қадимаи халқи тоҷик дар осорхонаи санъати осиёгии Гимей баргузор гардид.
Дар самти мардумшиносӣ низ мутахассисони институт корҳои назаррасеро ба анҷом расониданд. Дар баробари таҳқиқи масъалаҳои назариявӣ доир ба этнология ва этногенез, ҷамъоварии маводҳои мардумшиносӣ, ба вижа намунаҳои гуногуни ҳунарҳои мардумии минтақаҳои кишвар, кормандони муассиса маводҳои зиёди бойгониро доир ба этнографии вилоёти Хатлон ва Бадахшони Кўҳӣ таҳқиқ ва ба танзим оварда, онро барои нашр пешниҳод намуданд.

пешина
аз 162
навбатӣ