Зеҳн
70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Институт дар панҷсолаи 2016-2020 мувофиқ ба самтҳои афзалиятноки муайян намудаи корҳои илмӣ-таҳқиқотии Ҳукумати Ҷумҳурӣ фаъолияти худро ба роҳ монда, аз рўи 7 лоиҳа, аз ҷумла, «Таърихи халқи тоҷик. Қонуниятҳои умумӣ ва махсусиятҳои раванди таърихӣ», «Омўзиши бостоншиносии Тоҷикистон», «Масоили таърих ва назарияи мусиқии тоҷик», «Мардумшиносии тоҷикон ва дигар халқҳои Тоҷикистон», «Таърихи илм ва техникаи Тоҷикистон» ва «Маҷмўаи ёдгориҳои таърихиву фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пажуҳишро ба анҷом расонид.
Дар рафти иҷрои лоиҳаҳои мазкур мутахассисон бештар ба масоили гуногуни назариявӣ ва амалӣ, пеш аз ҳама таҳқиқи этногенез ва равандҳои этникӣ, таърихи ташаккули ойину суннатҳои давлатдории тоҷикон, тамаддуни ориёӣ-тоҷикӣ ва нақши он дар рушди тамаддуни минтақа, таъсири фарҳанги тоҷикон ҳамчун сокинони бумии минтақа ба дигар қавму ҳалқҳо, дастовардҳои фарҳангӣ, илмӣ дар марҳалаҳои гуногуни таърихӣ диққат доданд. Вобаста ба мавзуҳои таҳқиқотӣ дар соли 2018 32 китобу маҷмўа ва 115 мақолоти илмӣ ва илмию оммавӣ, соли 2019 16 китобу маҷмўа, 145 мақола ба нашр расиданд. Танҳо дар соли 2020 доир ба ин самтҳо ва дигар паҳлуҳои таърих ва фарҳанги халқи тоҷик, аз ҷониби олимон ва кормандони Институт 37 монографияю маҷмўа ва китоб, 167 мақолаи илмӣ, аз ҷумла 14 мақола дар нашрияҳои хориҷи кишвар, 3 китоб-албом, 1 тақвим ва 3 роҳнамо таълиф ва нашр гардиданд.
Махсусан, дар ин самт чопи рисолаҳои бунёдии «Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон-эҳёгари таърихи бостони халқи тоҷик», «Таърихи муносибатҳои тарафайни аҳолии муқимии Осиёи Миёна дар асрҳои миёна ва замони нав (сиёсат, иқтисодиёт, фарҳанг)», «Давлати Сомониён дар тарозуи таърихнигорӣ», «Мовароуннаҳр дар асри XVII ва нимаи аввали асри XVIII (таърихи сиёсӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ)», «Диди нави таърихиву сарчашмашиносӣ ба фарҳанги мусиқии замони Сомониён», «Пажуҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирўз то имрўз», «Маҷмўи ҳуҷҷатҳои таърихии асри XVI – ибтидои асри XX», «Академик Муҳаммад Осимӣ ва омўзиши масоили тамаддуни Осиёи Марказӣ», «Масъалаҳои таърихи муосири Тоҷикистон», «Истеҳсолоти ҳунармандии Тоҷикистон аз рўи маводи экспедитсияҳои мардумшиносии солҳои 2013-2018», «Таърихи фарҳанги мусиқии Тоҷикистон дар солҳои 1917-1957)», «Ҳаёти мусиқии Тоҷикистон дар дар охири асри XX – ибтидои асри XXI», «Бобоҷон Ғафуров – муҳаққиқи беназир ва ходими бузурги давлатӣ», «Ҷумҳурии Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон», «Таърихи ислоҳоти аграрӣ дар Тоҷикистон дар охири асри ХХ-аввали асри ХХІ» мавриди таваҷҷуҳ мебошанд. Дар ин ва дигар рисолаҳои бунёдӣ паҳлуҳои гуногуни таърихи гузаштаи халқи тоҷик дар заминаи манобеи нав, пеш аз ҳама сарчашмаҳои дасти аввал, пажуҳишҳои олимони шинохтаи ватанию хориҷӣ таҳқиқу таҳлил шудаанд.

пешина
аз 162
навбатӣ