Зеҳн
70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Олимони шуъба на танҳо ба омўзиши ҳунари асрҳои гузашта, инчунин ба таҳқиқи роҳҳои рушди ҳунари замонавии тоҷик низ таваҷҷуҳ менамуданд. Ҷилдҳои якум ва дуюми «Таърихи театри шўравии тоҷик»-и Н. Ҳ. Нурҷонов, асари «Кинои тоҷик»дар ду ҷилд аз ҷониби А. Аҳроров, «Ҳаёти мусиқии Тоҷикистони Шўравӣ» дар 4 барориш, «Очеркҳо дар бораи рассомони Тоҷикистон» доир ба рушди ҳунари замонавии Тоҷикистон буданд.
Дар омўзиши таърих ва рушди фарҳанг ва санъати тоҷик асарҳо ва таҳқиқоти кормандони шуъба, ба мисли «Ҳунари мусиқии Помир»
(сеҷилда)-и Ф. Кароматов, Н. Нурҷонов, Б. Қобилова, «Ҳаёти театрӣ ва мусиқии пойтахти давлати Сомомниён»-и Н. Ҳ. Нурҷонов, «Ҳунари ҳаккокии чўби тоҷик»-и М. Рўзиев, «Аз рўи қонунҳои зебоӣ»
(очерк-ҳои ҳунари зинатию корбурдии Тоҷикистон)»-и Н.Белинская, Н. Юнусова, М. Рўзиев, «Ҳунари Осиёи Миёнаи замони Абўалӣ Сино»-и С. Айнӣ, «Мавригӣ»-и Н. Нурҷонов, Б. Қобилова, «Очеркҳои таърихи театри тоҷик»- и Н. Нурҷонов, «Таърихи эҷодиёти оҳангсозӣ дар Тоҷикистон»-и Б. Қобилова «Ҳунари меъмории Болооби Зарафшон» ва «Мероси меъморию бадеии Осиёи Марказӣ»-и Р. Муқимов, «Сиёҳқаламӣ ва ҳайкалтарошии Тоҷикистон дар асри ХХ»-и Л. Додхудоева нақши муассир гузоштаанд. Ба ин гурўҳ метавон таълифоти гуногуни Г. М. Майтдинова дар самти омўзиши либоси суннатии вилоятҳои мухталифи таърихию фарҳангии Осиёи Миёна аз рўи иттилооти бостоншиносӣ, мадумшиносӣ ва сарчашмаҳои хаттиро илова намуд. Яке аз самтҳои дигари афзалиятнок дар соҳаи таърихи фарҳанг ва ҳунар омода намудани «Маҷмўи ёдгориҳои қадимаи таърихию фарҳангӣ», таҳқиқи суннати мусиқию иҷроии тоҷикон дар давраи қадим ва асри миёна, ҳамчунин таърихи ташаккули мактабҳои ҳунармандӣ дар Тоҷикистон маҳсуб меёбанд.
Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон зери парчами сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даҳсолаи дуюми асри бистуякро бо натиҷаҳои назарраси сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ ҷамъбаст намуда, бо маром ба сўи ояндаи хубу дурахшон қадам мегузорад. Ин натиҷаву дастовардҳо новобаста аз ба миён омадани мушкилоти авзои сиёсӣ, иқтисодию молиявӣ ва эпидемиологии ҷаҳон, тавассути сиёсати созандаи Пешвои миллат ва тифоқию ваҳдати ҷомеаи кишвар ба даст омадаанд Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.
Дониш низ бо таҳқиқу омўзиш ва тарғибу ташвиқи таърихи тўлонии халқи тоҷик, оийну суннатҳои волои аҷдодӣ, фарҳанги ғанӣ ва беҳамтои тоҷикон ба пешравии ҷомеаи кишвар, ваҳдат, худшиносӣ ва ташаккули ҳувияти миллӣ саҳми арзандаи худро мегузорад.

пешина
аз 162
навбатӣ