70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа
Таҳқиқотҳои этнологӣ ва гузаронидани экспедитсияҳои этнографӣ яке аз самтҳои дигар фаъолияти институт мебошад. Бо кўшиш ва заҳмати мардумшиносон омўзиши сартосарии ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба роҳ монда шуд. Аз ҷумла, солҳои 1952-1957 ба вилояти Ғарм, ҳавзаи дарёи Сурхоб, умуман минтақаи Қаротегин ва Дарвоз бо роҳбарии Н. А. Кисляков ва А. К. Писарчик экспедитсия фиристода шуд. Натиҷаи ин экспедитсия дар сеҷилдаи «Тоҷикони Қаротегин ва Дарвоз» ҷамъоварӣ шуданд.
Охири солҳои 50-ум мардумшиносон ба омўзиши навоҳии болооби Зарафшон – Мастчоҳ, Айнӣ ва Панҷакент шурўъ намуданд, ки натиҷаи он дар монографияи «Фарҳанги моддии тоҷикони Болооби Зарафшон» инъикос ёфтааст. Маишати оилавӣ, машғулиятҳо ва фарҳанги моддии сокинони ҳавзаи дарёи Варзоб аз ҷониби этнограф Р.
Л. Неменова ва санъати ҳунармандии ҳавзаи Қаратоғ аз ҷониби Н.
Н. Ершов мавриди таҳқиқ қарор гирифтанд.
Яке аз самтҳои фаъолияти шуъбаро коркарди бойгонии илмии М.
С. Андреев, ки дорои маводи нодири мардумшиносӣ доир ба тоҷикон мебошад, ишғол менамояд. Ҷилди якуми монографияи М.
С.Андреев «Тоҷикони водии Хуф», ки ҳанўз соли 1946 навишта шуда буд, бо кўшишу заҳмати А. К. Писарчик соли 1953 ва ҷилди дуюми он соли 1958 аз чоп баромад. «Тоҷикони водии Хуф»-ро академик Б.
Ғ. Ғафуров яке аз китобҳои мондагори замони шўравӣ номидааст.
Дар давраи солҳои 70-80-ум, инчунин дар давраи истиқлолият як қатор корҳои бунёдӣ, бахшида ба маишати суннатии оилавии тоҷикони ноҳияҳои кўҳии қисмати марказии ҷумҳурӣ таҳия шуданд, ки дар он ҷо вобаста ба мақеи ҷуғрофӣ ҳувияти он, либоси тоҷикони охири асри XIX-аввали асри XX, ҳунари мардумии аҳолии ин минтақаи ҷумҳурӣ маҳфуз мондаанд.
То солҳои 40-уми асри гузашта ба омўзиши фарҳанги бадеии тоҷикон, ёдгориҳои барҷастаи ҳунари миллӣ асосан мардумшиносон ва бостоншиносон ва каме баъдтар ҳунаршиносон аз Москва, Ленинград, Тошканд машғул буданд. Пас аз ташкил ёфтани Шуъбаи таърихи санъат, ки як муддат бо номи Шуъбаи таърихи фарҳанг ва санъат низ фаъолият дошт, омўзиши таърихи фарҳангу ҳунар низ хусусияти муназзамро пайдо намуд. Ба минтақаҳои гуногун, аз ҷумла Помир, водии Зарафшон, Норак, Хуҷанд, Ғарм, вилояти Бухоро экспедитсияҳои махсуси ҳунаршиносӣ фиристода шуданд, ки дар мудддати кўтоҳ тавонистанд маводи зиёдеро оид ба ҳамаи анвои ҳунаршиносӣ, фолклору мусиқӣ, театр ва рақси мардумӣ ҷамъоварӣ намоянд.
Яке аз вазифаҳои муҳим дар ин самт омўзиши ҳунари қадимаи халқи тоҷик дар асоси маводҳои осорхонаҳои Иттиҳоди Шўравӣ маҳсуб меёфт. Маҳз бо ҳамин роҳ асарҳои «Терракотаҳои осорхонаи Самарқанд», «Коропластикаи Суғд», «Атласи коропластикаи Осиёи Миёна» ба нашр расиданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё