70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа
Бо зиёд шудани шумораи мутахассисон соли 1973 Экспедитсияи бостоншиносии тоҷик (ТАЭ) ба се зергурўҳ – Экспедитсияи маҷмўавии Тоҷикистони Шимолӣ (ЭМТШ) зери роҳбарии Н. Н. Неъматов, Экспедитсияи бостоншиносии Тоҷикистони Ҷанубӣ (ЭБТҶ) зери роҳбарии Б. А. Литвинский ва Экспедитсияи бостоншиносии Панҷакент (ЭБП) зери роҳбарии А. М. Беленитский ва Б. И. Маршак тақсим шуд.
Дар натиҷаи корҳои ҷустуҷўие, ки А.П.Окладников, В.А.Ранов ва Э. А. Юркевич дар миёна ва охири солҳои 50-ум гузарониданд, маълум гашт, ки минтақаи паҳншавии ёдгориҳои Маданияти Ҳисор хело васеъ будааст. Дар натиҷаи ин корҳо дар ҳудуди ноҳияи Данғара ва дар ҳавзаҳои дарёҳои Сурхобу Яхсу боқимондаҳои як қатор бошишгоҳҳои муваққатӣ, ба монанди Санги Ӯғур, Тангатовтӣ, Қизилҷар, Калкот, бошишгоҳҳои доимии Тутқавул, Сайёд ва Кўҳи Булён муайян гардиданд.
Таҳқиқотҳои бостоншиносӣ зери роҳбарии Б. А. Литвинский дар ҳудуди Тоҷикистон маданияти зиёди асри биринҷиро дар водии Вахш, дар наздикии Қўрғонтеппа (ҳозир Бохтар), поёноби дарёи Кофарниҳон, Вахш ва Сурхоб дарёфт намуданд.
Дар натиҷаи экспедитсияҳои муштарак ва дарозмуддати Тоҷикистону Фаронса маркази нави маданияти кишоварзии охири давраи энеолит ва ибтидои асри биринҷӣ – Саразм бостонӣ (ҳазорсолаи IV ва II т.м.), ки кашшофи нахустини он А. Исҳоқов буд, мавриди таҳқиқи ҳамаҷониба қарор гирифт.
Вобаста ба вусъати корҳои таҳқиқотӣ ва натиҷаҳои хуби он тасаввурот оид ба таърихи ибтидои асри оҳан ба тарзи назаррас густариш ёфт. Махсусан, дар бораи таърихи ин давра бозёфтҳои фаровон аз ҳафриёти поёноби Кофарниҳон ва димнаи Қалъаи Мир, маълумоти комилан нав барои тасвири марҳалаҳои баъдинаи ин давраи таърихӣ зимни ҳафриёти Балдайтеппаи Вахш, қалъаи Ёвон ва Ғаравқалъа ба даст омаданд. Ҳафриёти Саксанохур – нахустин ёдгории давраи юнонию бохтарии Осиёи Миёна ва ёдгории тоисломии шаҳристони Тахти Сангин (асрҳои IV-II т.м.) дастовардҳои беназири бостоншиносони тоҷик ва шарикони онҳо дар ин давра мебошанд.
Дар ин росто омўзиши ёдгориҳои асримиёнагии Тоҷикистон низ дорои аҳаммияти калони илмӣ мебошанд. Аз ҷумла омўзиши шаҳри Панҷакенти Қадим, ки шуҳрати ҷаҳонӣ касб кард, бори аввал дар Осиёи Миёна симои комили шаҳри давраи тоисломиро ифшо намуд.
Кашфи ёдгории Аҷинатеппа ҳангомаи бузургро дар илми бостоншиносӣ ба миён овард. Бозёфти муҷассамаи нодири «Буддо дар нирвана» таваҷҷуҳи ҷомеаи илмиро ба худ ҷалб намуд ва таҳқиқоти ёдгориҳои қадимаи асримиёнагӣ, ба вижа шаҳрҳои Ҳулбуку Хуҷанд дар омўзиши таърихи истихроҷи маъдан ва низоми обёрӣ нақши муҳимме гузоштанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё