Зеҳн
70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Пас аз ташкилёбии институти мустақили таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ раванди мунтазами корҳои ҳафриётӣ ба роҳ монда шуд. Соли 1955 дар институт бахши махсус, каме баъдтар шуъбаи алоҳидаи бостоншиносӣ ва сиккашиносӣ ба фаъолият шуруъ намуд. Аз рўзи аввал то имрўз ин шуъба дар ҳамкории пайваста бо ниҳодҳои пешбари бостоншиносии шўравӣ ва хориҷӣ раванди мунтазами омўзиши археологии ҳудуди кишварро ба таври васеъ ба роҳ мондааст.
Натиҷаи корҳои бостоншиносӣ, ҷамъбаст ва хулосаҳои аввалин ҳар сол дар солномаи «Корҳои бостоншиносӣ дар Тоҷикистон» (то имрўз 44 барориш), маҷмўаю монографияҳо ва мақолоти алоҳида ба чоп мерасанд.
Ҳудуди Тоҷикистони имрўза аз лиҳози ёдгориҳои археологӣ ниҳоят бой мебошад ва алъон дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиёда аз 3 ҳазор ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ мавҷуд мебошанд. Хусусияти хоси ҳудуди кишвар боз дар он аст, ки дар инҷо ёдгориҳои тамоми давраҳои асри санг мавҷуданд. Омўзиши асри санги Тоҷикистон ҳанўз соли 1948 зери роҳбарии А. П. Окладников оғоз гардида буд ва баъдан онро аз соли 1955 В. А. Ранов идома дод. То соли 1960, танҳо аз ҷониби А. П. Окладников дар Тоҷикистон зиёда аз 130 ёдгориҳои асри санг ба қайд гирифта шуда буданд.
Соли 1952 Экспедитсияи бостоншиносии Тоҷикистон (ТАЭ) ташкил ёфт. Сарварии бахши бостоншиносӣ ва сиккашиносиро солҳои 1951-1971 Б.А. Литвинский дар ўҳда дошт ва ў бо ҳамроҳии Е. А.
Давидович фаъолияти соҳаро комилан дигаргун сохта, корҳои муташаккилонаи бостоншиносиро ба роҳ монданд ва тавонистанд як зумра мутахассисони намоёнро тарбия намоянд. Маҳз бо кўшиши Б.
А. Литвинский ба Тоҷикистон аввалан шогирдонаш В.А.Ранов ва Э.
Ғуломова, каме баъдтар мутахассисони дигар ба мисли М. А. Бубнова, Т. И. Зеймал, Э. В. Сайко, Е. Д. Салтовская, Н. Неъматов, А.
Д. Бобоев, Т. М. Атахонов, Ю. Яқубов, Л. Т. Пянкова, Л. П. Новикова, А. Х. Юсупов, Х. Ю. Муҳиддинов, Ӯ. Пўлодов ба корҳоии бостоншиносӣ ҷалб карда шуданд. Дар охири солҳои 60-ум-аввали солҳои 70-ум ба ин гурўҳ насли сеюми бостоншиносон – В.С. Соловёв, В. Жуков, А. Г. Амосова, А. Мирбобоев, А. Абдуллоев, Т. Филимонова, М. Муллоқандов, Н. Симакова, В. Радилиловский ва И.
Маслов ҳамроҳ шуданд. Баробари бостоншиносон ба корҳои таҳқиқотӣ антрополог Т. П. Кияткина, сиккашиносон Е. А. Давидович ва Д. Довутов, забоншиносон И. В. Пянков ҷалб гардиданд. Дар ин солҳо гурўҳи мутахассисони ҷавони Бахши Осиёи Миёнаи Институти шарқшиносии Академияи илмҳои ИШ, ки Б. А. Литвинский ташкил намуда буд, ба монанди И. Р. Пичикян, А. В. Седов, И. Н.
Медведская, Е. Антонова ва Н. М. Виноградова шомил гардиданд.

пешина
аз 162
навбатӣ