70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа
Ҳанўз охири солҳои 80-ум зарурият ба таълифи китоби чандҷилдаи ҷомеи таърихи халқи тоҷик ба миён омада буд. Аввалан ба чопи китоби академивии сеҷилда зиёда аз 20 сол гузашта буд ва дар ин муддат таҳқиқоту таълифоти зиёд доир ба таърихи ҳалқи тоҷик, махсусан кашфиётҳои ниҳоят ҷолиби бостоншиносӣ, мардумшиносӣ ба вуқуъ омаданд, инчунин манобеи фаровони дасти аввал, маъхазҳо, ҳуҷҷатҳои бойгонӣ дастраси муҳаққиқон гардиданд. Баробари он рушди мактаби таърихшиносии миллӣ ва умуман илми таърихшиносӣ барои таълифи китоби нави бунёдии бисёрҷилдаи таърихи халқи тоҷик имконоти заруриро фароҳам оварда буд. Аз ин рў институт таҳия намудани асари илмии нав ва бунёдии шашҷилдаи «Таърихи халқи тоҷик»-ро ба нақша гирифт. Ҷилди якуми «Таърихи халқи тоҷик» соли 1998 чоп шуд, ки ба таърихи давраи қадимтарин, қадим ва ибтидои асри миёна бахшида шуда буд. Соли 1999 бошад ҷилди дувуми он, ки давраи ташаккулёбии халқи тоҷик ва таърихи асрҳои VI-X милодиро фаро мегирифт аз чоп баромад. Нашри ин ду ҷилди аввал, ки бо истифода аз дастовардҳои навтарини илмҳои таърихшиносӣ, бостоншиносӣ, сиккашиносӣ, этнология ва дигар илмҳои ҷомеашиносӣ таълиф шуда буданд, гардиши куллие дар таърихшиносии миллӣ ва умуман тоҷикшиносӣ ба миён оварданд.
Соли 2004 ҷилди панҷуми «Таърихи халқи тоҷик» аз чоп баромад, ки таърихи давраи ниҳоят мураккаб ва пурфоҷиаи халқи тоҷик (1917-1941)-ро дар бар мегирад. Масоили ниҳоят мубрам ва ҳаводиси тақдирсози марбут бо таъсиси давлати тоҷикон дар ҳайти ИШ, сохтмони иқтисодию мадании ин давра дар ин ҷилд инъикоси худро ёфтааст. Солҳои 2006-2010 қувваи асосии ходимони илмии Шуъбаи таърихи қадим, асрҳои миёна ва давраи нав барои ба чоп омода намудани ҷилди чорум ва навиштани ҷилди сеюми «Таърихи халқи тоҷик», ки бо сабабҳои айнию зеҳнӣ ба анҷом нарасида буданд, равона шуд. Соли 2010 ҷилди чаҳорум ба чоп расид, ки таърихи асрҳои XVI – ибтидои асри XX дар бар мегирад ва ба яке аз марҳалаҳои мушкилтарини таърихи халқи тоҷик бахшида шудааст. Ҷилди шашум, ки марҳалаи дуюми давраи навтарини таърихи халқи тоҷик солҳои 1941-2010 дар бар мегирад, бо ҷаҳд ва талоши пажўҳишгарони шуъбаи таърихи навтарин соли 2011 аз чоп баромад. Ва ниҳоят соли 2013 ҷилди сеюми ин асари бунёдии шашҷилда, ки таърихи асрҳои XI-XV халқи тоҷикро инъикос менамояд, бо заҳмату кўшиши олимони шуъбаи таърихи қадим, асрҳои миёна ва нав ба чоп расид ва бо ин нашри ин асари бунёдии шашҷилда анҷом ёфт. Бояд гуфт, ки ба чоп расидани таҳқиқоти бунёдии шашҷилдаи «Таърихи халқи тоҷик», ки дар заминаи охирин ва навтарин натиҷаҳои илми тоҷикшиносии ватанию хориҷӣ таълиф ёфтааст, яке аз беназиртарин дастоварди институт ва умуман мактаби таърихшиносии миллии тоҷик маҳсуб меёбад. Таърихи халқи тоҷик бори аввал дар заминаи даврабандии нав ва дар меҳвари пажуҳиш гузоштани таърихи тоҷикон таълиф шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё