70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа
Мадаминҷонова (1998-2007) ва аз соли 2008 д.и.т. Л. Н. Додхудоева роҳбарӣ намудаанд. Имрўз шуъба бо номи Шуъбаи этнология ва антропология фаъолият дорад.
Шуъбаи таърихи санъат августи соли 1953 ташкил ёфтааст ва аввалин роҳбари он санъатшинос Н. Ҳ. Нурҷонов буд. Сипас, шуъба чанд маротиба ивази ном намуда, як муддат ҳамчун шуъбаи таърихи фарҳанг ва санъат фаъолият доштааст. Солҳои 1971-1999 мудирии шуъбаро академик, олими шинохтаи тоҷик Н. Н. Неъматов роҳбарӣ намудааст. Аз соли 1999 то имрўз роҳбарии он ба зиммаи д.и.т. А. Р.
Раҷабов вогузор гардидааст.
Шуъбаи таърихи илм ва техника (аз ибтидо ҳамчун сектор) нисбат ба дигар сохторҳои институт ҷавонтар буда, апрели соли 1980 таъсис ёфтааст. Нахустин мудири он номзади илмҳои таърих Г.
Наврўзов, баъдан А. Комилӣ ва аз соли 2012 ин вазифаро д.и.т. В. В.
Дубовитский иҷро менамояд.
Олимону кормандони институт аз ибтидо то имрўз бо корҳои бунёдии таҳқиқотии хеш дар самтҳои мухталифи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии тоҷик натиҷаҳои назаррасро соҳиб гашта, илми таърихшиносии тоҷикро ба сатҳи яке аз мактабҳои пешқадами илмии минтақа бароварданд. Махсусан, охири солҳои 50-ум ва пас аз он дар фаъолияти институт марҳалаи рушди тоза ибтидо мегирад, ки аз он вусъати доираи васеи мавзуҳои таҳқиқотӣ, шумораи зиёди табъу нашри рисолаву мақолаҳои кормандон гувоҳӣ медиҳанд. Аз ҷумла, соли 1961 рисолаҳои илмии А. Ҷалилов «Суғд дар арафаи ҳуҷуми арабҳо ва муборизаи суғдиён ба муқобили истилогарони араб дар нимаи аввали асри VIII», З. Ш. Раҷабов «Маорифпарвари барҷастаи халқи тоҷик Аҳмади Дониш», Б. Искандаров «Бухорои Шарқӣ ва Помир дар нимаи дуюми асри XIX» дар ду китоб (Душанбе, 1962-1963) ба чоп расиданд.
Муҳимтарин дастоварди институт дар ин солҳо баробари таҳқиқотҳои ҷудогона дар самтҳои мухталиф, ба нақшагирӣ ва омодаю чоп кардани асари бунёдии бисёрҷилдаи таърихи халқи тоҷик мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки рўи чоп омадани ин китоб бо пешниҳод ва иштироку роҳбарии бевоситаи академик Б. Ғафуров аз нимаи дуюми солҳои 50-ум оғоз ёфта, солҳои 1963-1965 дар се ҷилд ва панҷ китоб дар Маскав ба табъ расидааст.1 Дар таълифи ин асар олимони шинохтаи тоҷик ва муҳаққиқони барҷастаи марказҳои калонтарини ИШ ширкат намудаанд. Бори нахуст таърихи ҷомеи халқи тоҷик дар чунин ҳаҷм ва доира аз замонҳои қадимтарин то миёнаи солҳои 60- ум ба риштаи таҳқиқу таҳлил кашида шуд.
Дастовардҳои институт ва олимони он дар роҳи таҳқиқу омўзиши
1 Эмомалӣ Раҳмон. Чеҳраҳои мондагор. – Душанбе: Эр-Граф, 2016.-С. 333.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё