Зеҳн
70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

халқи тоҷик дар солҳои 70 – аввали 80-ум низ хеле назаррас мебошанд. Махсусан, дар ин солҳо таҳқиқоти ҷолиб дар самти таърихи асри миёна, табъу нашри маъхазҳои таърихӣ доир ба марҳалаҳои гуногуни таърихи халқи тоҷик ба миён омаданд. Саҳми ҷолиб дар ин ҷода, қабл аз ҳама, ба академик А.М.Мухторов мутааллиқ аст, ки бевосита таҳти роҳбарии ў дар ҳудуди Осиёи Миёна, Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон маъхазу сарчашмаҳо ва ҳуҷҷатҳои зиёди таърихӣ ҷамъоварӣ шуданд ва дар заминаи онҳо рисолаи бунёдии «Ёдгориҳои катибавии Кўҳистон (асрҳои X-XIX», «Балхи охири асри миёна», «Дурдонаҳои фарҳанги тоҷик дар ганҷинаҳои Ҳиндустон» нашр шуданд. Рисолаи Л. Н. Додхудоева «Ёдгориҳои катибавии Самарқанд дар асрҳои XI-XIV», китоби Н. Н. Неъматов «Давлат Сомониён» (1977) ва инчунин рисолаҳои илмии дигар таърихшиносон доир ба масоили марбут ба марҳалаҳои гуногуни таърихи халқи тоҷик маҳз дар ҳамин давра ба чоп расиданд. Дар ҳамин давра инчунин рисолаҳои илмии Н. Маҳмудов «Зироаткорӣ ва муносибатҳои аграрӣ дар Осиёи Миёнаи асрҳои XIV-XV», А. Мухторов «Кандакорӣ дар чўб дар водии Зарафшон: нақшҳои асримиёнагӣ)» (китобнигора), дастхати «Таърихи Бадахшон», ки аз тарафи Б.И. Искандаров ва А.Ягонӣ ба нашр тайёр шуда буд, китоби дарсии «Таърихи ҶШС Тоҷикистон» барои синфҳои 7-10- и гурўҳи муаллифон ба чоп расиданд. Соли 1982 чопи факсимилии «Мунтахаб-ат-таворих»-и Муҳаммад Ҳакимхон (тайёркунанда ва муаллифи пешгуфтор А.
Мухторов), маҷмўаи муштараки «Саёҳат дар Суғд» (А. Мухторов, Н. Неъматов, В. Ранов, Ю. Яъқубов) ва китоби А. Мухторов «Аз пайи таърихи куҳан» дастраси хонандагони худ гардиданд. Ҳамзамон, баробари чопи мақолаву маҷмўаҳои зиёд, соли 1983 метавон таълифоти ниҳоят муҳимми Б. Искандаров «Ҷанбаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии таърихи мулкҳои Помир (асри X – нимаи аввали асри XIX)», А. Мухторов ва Ш. Шарифов «Академик Б. Ғафуров», сарчашмаи хаттии таърихии «Ҳудуд-ул-олам», ки аз тарафи н.и.т. Н.
Қосимов ба чоп тайёр гардид, ҳамчун дастоварди назарраси кормандони Институт пазируфт.
Нақши олимони сектори таърихи ҷомеаи шўравӣ ва баъдан шуъбаи таърихи навтарин дар таҳқиқу баррасии таърихи сохтмони ҷомеаи нав, дигаргунсозиҳои иқтисодию иҷтимоӣ, инқилоби фарҳангӣ, низоми давлатдории нави шўравии тоҷик, ташкилёбии ҷумҳурии мухтор ва ҷумҳурии иттифоқии Тоҷикистон, паҳлуҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаи кишвар дар солҳои ҷанг ва азнавбарқароркунии баъдиҷангии хоҷагии халқ, рушди иқтисодӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ дар солҳои сохтмони ҷомеаи сотсиалистӣ хеле назаррас мебошад.
Дар ин солҳо кормандони шуъба теъдоди ниҳоят зиёди асару рисолаҳои тадқиқотӣ, мақолот, маърўзаву гузоришҳои илмиро доир ба ҷанбаҳои гуногуни таърихи давраи навтарини халқи тоҷик ба чоп расониданд.

пешина
аз 162
навбатӣ