Зеҳн
ҲУНАРМАНДОНИ ДЕҲАИ ВОРЎ

Фарҳанги мардумии деҳаи Ворӯ бо хусусиятҳои махсуси маҳаллии худ ва ҳам наздикии ҷуғрофӣ бо шаҳри қадимаи Саразми аҳди энеолит ва асри биринҷӣ бештар таваҷҷуҳи мардумшиносонро ҷалб намуд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 50 саҳифа

Санъат
Аз аввал хондан

номи макони зисташон ном мебурданд, масалан: аҳолии
Мастчоҳи кӯҳиро “мачойӣ”, Яғнобро яғнобӣ меномиданд.1
Мардумшиноси маъруф В.В. Радлов аҳолии тамоми
водии Зарафшонро ба ду гурӯҳ тақсим намудааст: халқҳое,
ки мутаносибан бо забонҳои тоҷикӣ ва туркӣ ҳарф
мезаданд. Тибқӣ мушоҳидаҳои ӯ, тоҷикони Зарафшон
аксаран дар шаҳрҳо зиндагӣ мекарданд ва ба тиҷорату
ҳунармандӣ машғул буданд.2

Тоҷикистон. Харитаи ноҳияи Панҷакент

1 Бушков В.И. Население Северного Таджикистана: формирование и расселение. – М.,1995.
2 Радлов В.В. Средняя Зеравшанская долина. //Записки императорского Русского географического общества по изучению этнографии.- СПб., 1880.- Вып. 6.- С.65 .
A.П. Федченко ба қавмҳои бекигарии Киштути Болооби Зарафшонро чунин хислатномаи этникӣ додааст: «Шумораи умумии хонаҳо то 1000 ва сокинон ҳама тоҷиконанд, танҳо дар Суҷина ва Ошлякон ўзбекон зиндагӣ мекунанд (аз қавми калтатой)".1 Таърихи пайдоиши аҳолии Болооби Зарафшонро А.Д. Давидов, дар асоси маълумотҳои сокинони маҳаллӣ бо ду ривоят ишора кардааст.2 Онҳо нақл мекунанд, ки аҳолии Фалғар, Киштут, Моғиён, Шинг ва Офтобрӯя муғҳо ба ҳисоб мерафтанд, ки дар гузашта мардуми тавоно буданд.
Дар бораи ин афсона олими рус Д.М.Граменитский низ дар мақолаи худ хабар додааст. 3 Ў қайд менамояд, ки "дар байни кӯҳҳои Ангрен ва Сир ва Олой теппаҳо сангҳо, ҷӯйборҳо, дар маҷмӯъ маконҳои диққатҷалбкунанда дида мешаванд, ки ба осори корҳои дар замонҳои қадим баамал омада шабоҳат доранд, ки онҳоро ба мардуми Муғ нисбат медиҳанд ..." манзилҳои сангӣ дар байни мардуми бумӣ бо номи "хонаи муғ" (манзилҳои муғӣ) маълум аст".4 Муҳаққиқи барҷастаи Осиёи Миёна М.С.Андреев низ ин иншооти наонқадарбаланди гунбазшакл ва каме дарози сангӣ –муғохона ва боқимондаҳои қубурҳои сафолӣ ва қалъа, бо номи Қалъаи Муғро қайд кардааст.5 Тибқи ривоятҳое, ки шарқшиноси машҳури рус Н.И.Веселовский сабт кардааст, ин иншоотро муғҳои қавӣ ва меҳнатдӯст

1 Федченко А.П. Путешествие в Туркестан. – Москва,1950. -С.124.
2 Давыдов А.С. К вопросу о сложении…-С.64.
3 Граменецкий Д.М. Заметка о древних урочищах Туркестанского края //Туркестанские ведомости. -1879, № 12 (перепечатка: Граменецкий Д.М.
Заметка о древних урочищах Туркестанского края //Протоколы ТКЛА, год 3. – Ташкент, 1897-1898).
4 Граменецкий Д.М. Ук.соч. - С.16
5 Андреев М.С. Краткие сведения об этнографической экспедиции, предпринятой летом 1924 года к горным таджикам Матчи, Каратегина, Гиссарского края и Ягноба. - ИТОРГО. - Ташкент,1924.-Т.17-С.217-218; («оташпарастон») сохтаанд.1 Ин нақлу ривоятҳо то имрӯз миёни аҳолии маҳаллӣ вуҷуд доранд.

пешина
аз 50
навбатӣ