Зеҳн
ҲУНАРМАНДОНИ ДЕҲАИ ВОРЎ

Фарҳанги мардумии деҳаи Ворӯ бо хусусиятҳои махсуси маҳаллии худ ва ҳам наздикии ҷуғрофӣ бо шаҳри қадимаи Саразми аҳди энеолит ва асри биринҷӣ бештар таваҷҷуҳи мардумшиносонро ҷалб намуд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 50 саҳифа

Санъат
Аз аввал хондан

Мардумшиноси машҳур М.С. Андреев бар он такя менамуд, ки маънии калимаи “Суғд” ҳудуди ботлоқзорро ифода мекунад, вале А.А.Лившитс ин андешаро қабул надошт ва таъкид мекард, ки пайдоиши он ҳоло номаълум аст.1 Академик А.А.Семенов қайд менамояд, ки ба андешаи аҳолии Зарафшон, Қаротегин ва Дарвоз гузаштагони онҳо аз наздикии Самарқанд ё Бухоро омадаанд.2 А.С. Давидов, ба маводҳои соли 1973 такя намуда, ду роҳи асосии ҳаракати аҳолии Болооби Зарафшонро муайян намудааст: ғарбӣ аз Фарғона ва ҷанубӣ бо роҳҳои кӯҳӣ ба воситаи қаторкӯҳҳои Туркистон. Дар асоси ин метавон гуфт, ки Болооби Зарафшон айнӣ ҳол ду минтақаи фарҳанги этникиро дорост, ки ҳар кадоме аз онҳо дар ҳудудҳое ҷойгир шудаанд, ки замоне ба онҳо тааллуқ доштанд. Ҳамин тариқ, ҷамоати шарқӣ (Яғноб, Фон, Мастчо, Фалғар) ба Фарғона ва Уструшана дохил мешуд ва мувофиқан аҳолӣ аз ин минтақаҳо ба ин ҷо муҳоҷират мекарданд.
Ноҳияи ғарбӣ (Киштут, Моғиён, Панҷакент бо деҳоти атроф ва Офтобрӯя), ки деҳаи деҳоти Ворӯ ба он ҳамсоя буданд, ба ҳайати Суғд дохил мешуданд, аҳолии он метавонистанд аз марказҳои ин минтақа ба Зарафшони боло кӯчанд.3 Тоҷикон дар манотиқи кӯҳистон, аз ҷумла Болооби Зарафшон – Мастчоҳ, Фалғар, Яғноб, Киштут ва Моғиён аз замонҳои қадим зиндагӣ мекарданд. Онҳоро аксаран бо

1 Лившиц В.А.История изучения Согда. //Рахмат-наме. Сборник статей к 70-летию Р.Р. Рахимова-СПб, 2008. -С.184.
2 Семенов А.А. Этнографические очерки Зерашанских гор, Каратегина и Дарваза. -М., 1903.- С.20.
3 Давыдов Н.А. Жилище. //Материальная культура таджиков верховьев Зеравшана.- Душанбе, 1973.-С.137.

пешина
аз 50
навбатӣ