Зеҳн
ҲУНАРМАНДОНИ ДЕҲАИ ВОРЎ

Фарҳанги мардумии деҳаи Ворӯ бо хусусиятҳои махсуси маҳаллии худ ва ҳам наздикии ҷуғрофӣ бо шаҳри қадимаи Саразми аҳди энеолит ва асри биринҷӣ бештар таваҷҷуҳи мардумшиносонро ҷалб намуд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 50 саҳифа

Санъат
Аз аввал хондан

Маҳдудияти фазо, таъсири ваҷдкунандаи дуду буғро шадидтар мекунад. Аксар вақт, ба оташ алафҳои гуногуни мадҳушкунанда, илова мекарданд, ба қавли М.Элиада, чунин аст «мӯъҷизаи қувва ва ҳокимият маънои ҳолати ваҷди ва ё дар шакли дигари фарҳангӣ, дастрасӣ ба ҳолати озодии комили диниро муайян мекунад».
Ба ин маъно, аҳаммияти маросимҳои рамзи ва диниро дар фарҳанги анъанавӣ баҳо додан душвор аст. Ғайр аз сохторбандии ҳаёти иҷтимоии ҷамъиятӣ бо роҳи тақсимбандии онҳо ба анъанавӣ ва додани самти мувофиқи ҳаракат аз оддӣ ба муқаддас ва баръакс, бахшидани он ба маросиме, ба муттаҳидшавии ҷомеа ва бозгашти он ба ибтидо мусоидат мекунад.1 Ёдгориҳои фарҳанги шаҳраки Саразми бостон дар Тоҷикистон рамзҳои умумиҷаҳонӣ буда, имрӯз низ аз ҷониби устоҳои муосири Зарафшон истифода мешаванд.
Намунаи онҳоро дар маҳсулоти ҳунармандони деҳаи Ворӯ ёфтан мумкин аст.
Бо ҳама таъғирёбии усули бадеии Зарафшони Суғд, техникаи махсус, иконография, усулҳои таҳрсозӣ, анъанаҳои он дар садсолаҳо, дар шакли санъати халқии минтақа афзалиятнок боқӣ мондаанд. Аксар вақт баъзе композитсияи муосир прототипҳои худро дар намунаҳои қадимии дизайни Зарафшон меёбанд.
Муҳим аст, ки нақшу нигори минтақаи Зарафшон ва алахусус Панҷакенти бостонӣ, ба ақидаи В.Л.Воронина, бешубҳа, як шохаи мустақил ва дурахшони мактаби маҳаллиро ташкил дод ва эҷоди на ҳунармандони беруна, балки устоҳои

1 Запорожченко А.В., Луговой К.В. Индоиранские инициационные ритуалы и их отражение в осетинском нартовском эпосе .//Мировоззрение населения Южной Сибири и Центральной Азии в исторической ретроспективе. Сб.научных трудов. / под ред. П.К.
Дашковского. – Барнаул,2009. – Вып. III. - С. 78-97.

пешина
аз 50
навбатӣ