Зеҳн
ҲУНАРМАНДОНИ ДЕҲАИ ВОРЎ

Фарҳанги мардумии деҳаи Ворӯ бо хусусиятҳои махсуси маҳаллии худ ва ҳам наздикии ҷуғрофӣ бо шаҳри қадимаи Саразми аҳди энеолит ва асри биринҷӣ бештар таваҷҷуҳи мардумшиносонро ҷалб намуд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 50 саҳифа

Санъат
Аз аввал хондан

девори махсус дар назди суфа ҷудо мегардид. Аз асри XII сохтани оташдон дар баландии махсус оғоз гардид.
Баъдтар, оташдон бо дудкаш дар девор пайдо мешавад.
Агар дар асри XI ҳамчун воситаи гармидиҳӣ танҳо як тафдони кучонанда (манқал) мавҷуд аст, пас дар манбаъҳои асри XV дар бораи истифодаи сандалӣ маълумот дода мешавад, ки то асри ХХ воситаи асосии гармидиҳии анъанавӣ боқӣ мемонад. Дар замони муосир як намуди оташдонҳо ба анҷом мерасад: оташдон барои пухтани нон - танӯр, оташдон барои гарм намудани ҳуҷра - сандалӣ ва оташдон барои тайёр кардани хӯроки гарм - оштон.1 Дар Ворӯ низ оташдон дар манзил сохта шуда, гармкунии он хусусияти маросимӣ дошт. Матни Авесто ба ҳама маълум аст, ки дар он оид ба иҷрои хоҳиши шахсе, ки ҳезумро барои оташ мекашонад, сухан меравад. Оташдон инчунин ҳамчун макони баргузории маъракаҳои маросими мотам, маъракаҳои ҷамъиятӣ ва инчунин баъзе маросимҳои табобати ҳангоми беморӣ аъзои оила хидмат мекард, ки ин бо нигоҳ доштани расму оинҳои тоисломӣ ва эътиқоди марбут ба парастиши оташ алоқаманд аст.
Имрӯзҳо, дудбароҳои дастсози гилӣ, ки аз болои боми баъзе хонаҳо намудоранд, дар деҳаи Ворӯ ҳамчун ёдгорӣ амал мекунанд. Ин тарҳи дудбарои сарпӯшдор дар болои оташдон аст, ки дудро ба берун ба воситаи сурохии қубуршакли гилӣ мебарорад. Дар шакли конуси буридашуда сохта шуда, ба боло танг шуда мебарояд, барои осон намудани роҳи дуд, дар аз паҳлӯии он сӯрохиҳо – рӯча гузошта шудааст. Баъзан деворҳои қафо ва паҳлӯи онро деворҳои утоқ ташкил медиҳанд. Девори пешаш шакли айвонро дошта, аз шифт бо сутуҳо то ними баландии ҳуҷра мефарояд; баъзан шакли айвони васеъро дорад, болои оташдон, ки ба боло танг шуда, ба дудбаро пайваст гардида, ба болои бом мебарояд. Дар водии Зарафшон

1 Назилов Д.Ук.соч.-С.36.

пешина
аз 50
навбатӣ