Зеҳн
ҲУНАРМАНДОНИ ДЕҲАИ ВОРЎ

Фарҳанги мардумии деҳаи Ворӯ бо хусусиятҳои махсуси маҳаллии худ ва ҳам наздикии ҷуғрофӣ бо шаҳри қадимаи Саразми аҳди энеолит ва асри биринҷӣ бештар таваҷҷуҳи мардумшиносонро ҷалб намуд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 50 саҳифа

Санъат
Аз аввал хондан

Деҳаи Ворӯ. Хонаи истиқоматии X. Ғаниев(Р.С.
Муқимов) :1—мўрӣ, 2— ошхона (оштон), 3 — хонаи истиқоматӣ (рӯи хона), 4 — даҳлез, 5 — айвон.

Дар тарҳбандии ин хона, тақсимбандӣ ба қисмҳои мардона ва занона, ки ба манзили анъанавии тоҷикони водӣ хос аст, вуҷуд надорад. Агар дар водиҳои Болооби Зарафшон ҳавлӣ бо як қатор хонаҳои истиқоматӣ ва хоҷагӣ сохта шуда бошанд, дар деҳаҳои кӯҳистон он ба майдони маҳдуд-гузаргоҳи пеши манзил - даҳлез табдил дода шудааст.1 Тадқиқоти Д.А. Назилов дар хонаи Зикриёев дар деҳаи Ворӯ нишон дод, ки дар ин ҷо ошхона дар шакли як ҳуҷраи алоҳидаи дохили хона бо сақфи худ ва мўрии ихроҷ дар рӯ ба рӯи хонаи истиқоматӣ –рӯи хона сохта шудааст.
Даромадгоҳҳои ҳарду ҳуҷра муқобили ҳам ҷойгир шудааст.
Хонаи истиқоматӣ бо шукӯҳи муайяне фарқ мекунад, фарши он нисбат ба ошхона баландтар қарор дорад.2

1 M у к и м о в Р.С.Своеобразие архитектуры традиционного таджикского жилища в горных селениях Верхнего Зеравшана. // Советская этнография. Май — июнь 1979.-С. 106-113.
2 Назилов Д.А. Ук.соч.-С. 21.

пешина
аз 50
навбатӣ