Зеҳн
ҲУНАРМАНДОНИ ДЕҲАИ ВОРЎ

Фарҳанги мардумии деҳаи Ворӯ бо хусусиятҳои махсуси маҳаллии худ ва ҳам наздикии ҷуғрофӣ бо шаҳри қадимаи Саразми аҳди энеолит ва асри биринҷӣ бештар таваҷҷуҳи мардумшиносонро ҷалб намуд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 50 саҳифа

Санъат
Аз аввал хондан

истифода мешуд, хиштҳои гилини росткунҷа (49-50x24- 25x11-12 см), сангчаҳои дарё, барои мустаҳкам кардани пойдеворҳо, танаҳои дарахт ҳамчун тирҳои фарш ва сутун хизмат мекарданд. Бомҳо аз болори чӯбӣ сохта шуда, бо шохаҳои дарахт ё қамиш пӯшонида шудаанд, ки аз болояш як ё якчанд маҳлули гилин бо коҳ – андова пӯшонида шудаанд.1 Дар сохтмони анъанавии деҳаи Ворӯ монандии мушаххасро бо анъанаҳои Саразм мушоҳида кардан мумкин аст, ки то имрӯз сангҳои мукаммал барои мустаҳкам намудани таҳкурсии биноҳо, боғҳо, баъзе вақт деворҳо истифода бурда мешавад. Басти чўбине, ки бо хиштҳои гилин ва похса пур карда шудааст, аксар вақт танаҳои дарахт ҳамчун такя (сутун) истифода мешаванд.2 Қадимтарин анъанаҳои бинокорӣ дар деҳаи Ворӯ деворҳои арчагӣ мебошанд, ки деворҳо аз сангҳои хурд бо тавъамшавии сангҳои калон сохта шуданд. Деворҳо бо хиштҳои хом сохта шудааст. Чунин намуди сохт мустаҳкамии иншоотро таъмин месозад. Ҳамин тавр, девор метавонист аз санг сохта шавад, ки синҷдевол номбурда мешавад (нимбар, якбар - яккасинҷ ва дубар - дусинҷа, қӯшсинҷ).3 Боми хонаҳо ҳамвору гилин мебошанд. Дар дохили деворҳо тоқҳо гузошта мешаванд, барои ҷогаҳи хоб – тахмон ва асбобҳои рӯзгор алоҳида. 4 Релефи минтақа дар тарҳбандии манзил нақши асосиро мебозад, ки ҳар яки онҳо метавонанд дар тарҳбандӣ, бо хусусиятҳои сохти худ фарқ кунанд.

1 Разоков Ф. Строительные комплексы древнеземледельческого поселения Саразм в 1У-111 тысячелетие до н.э./Отв. Ред. Л.А. Кирчо.- Спб, 2016.-С. 101-106.
2 Давыдов А.С. Жилище…..-С.10-11.
3 Давыдов А.С. Жилище…-С.15.
4 Рахимов М. Ук.соч.- С. 54,59.

пешина
аз 50
навбатӣ