ҲУНАРМАНДОНИ ДЕҲАИ ВОРЎ

Фарҳанги мардумии деҳаи Ворӯ бо хусусиятҳои махсуси маҳаллии худ ва ҳам наздикии ҷуғрофӣ бо шаҳри қадимаи Саразми аҳди энеолит ва асри биринҷӣ бештар таваҷҷуҳи мардумшиносонро ҷалб намуд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 50 саҳифа
Дар деҳаи Ворӯ ҷаҳидан аз болои оташ - аловпарак, оташпарак ҳангоми маросими Чоршанбесурӣ чун анъана боқӣ мондааст, ки рамзи поксозӣ, муҳофизат аз қувваи бадро дорост. Маросими аловгардон, дар тӯйи домодию арӯсии ҷавонони деҳаи Ворӯ баргузор мегардад, ки дар рафти тӯй онҳо атрофи оташи муқаддас гирд гашта худро аз ҳама бадиҳо пок мекарданд. Ин маросим аз бисёр ҷиҳат ба анъанаи қадимю маъруфи Самарқанд ва таҳлилкардаи О.А.
Сухарева ва Р.П. Раҳимов монандӣ дорад.1 Маълумотҳои ҷамъовардаи муаллифон, онҳоро ба хулосе овард, ки оташе, ки барои давргардони навхонадорон даргиронда мешавад, дар мақоми худ ба оташи маъбади зардуштиҳо ва мақбараҳои (мазорҳо) мусулмонон баробар аст. Ин маросим андешаҳои гузаштагони дур, интиқолгарони фарҳанги тоҷикону эронизабонро чун аъана нигоҳ медорад.
Дар сенарияи худи маросими аловгардон, фазо (роҳи муқаддас ба "олами дигар") ва вақт (оғози ташкили иттиҳоди издивоҷ) дар як ҳолат амал мекунад.2 "Фарҳанги хурд" -и ин гурӯҳи тоҷикон, ки дар баландии 2900 м аз сатҳи баҳр зиндагӣ мекунанд, дар бисёр мавридҳо бо "фарҳангӣ герметикӣ" дар асоси анъанаҳои қадимӣ ташаккул ёфтааст, зеро Кӯҳистон, ба гуфтаи академик А.А.
Семёнов, як кишвари кӯҳистонӣ буд, "махсусан эътироф шудааст, дар ривоятҳои эрониёни ибтидоӣ ... ".3 Топография ва топонимика яке аз меросҳои маъмули Болооби Зарафшон ба шумор меравад. Бешубҳа, микротопоними чунин як минтақаи хурди табии ҷуғрофӣ,
1 Рахимов Р. Костры на пути невесты в Самарканде (За строкою О.Сухаревой). //Среднеазиатский этнографический сборник. /Отв. ред. С.
Н. Абашин, В.И. Бушков. Вып. У.-Москва, 2006. -С.108-149.
2 Рахимов Р. Ук. соч. -С.139.
3 Семенов А.А. Ук. соч. -С.48.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё