ҲУНАРМАНДОНИ ДЕҲАИ ВОРЎ

Фарҳанги мардумии деҳаи Ворӯ бо хусусиятҳои махсуси маҳаллии худ ва ҳам наздикии ҷуғрофӣ бо шаҳри қадимаи Саразми аҳди энеолит ва асри биринҷӣ бештар таваҷҷуҳи мардумшиносонро ҷалб намуд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 50 саҳифа
монанди шир, ҷурғот ё чака ва ғайра.1 Табиати хоҷагии қишлоқ ва чарогоҳи Ворӯ онро ба маҳалли аҳолинишини асри биринҷӣ – Саразми 5500- сола монанд мекунад.
Маълум аст, ки маҳаллаҳои аҳолинишини асри биринҷӣ барои кишоварзӣ, парвариши чорво, ҷамъоварӣ ва шикор минтақаи мусоид аст. Гӯсфанд ва буз яке аз намудҳои бартаридори чорво дар минтақаи мазкур ба ҳисоб меравад.
Хотиррасон кардан кофист, ки дар байни бозёфтҳои Саразм устухонҳои чорвои майда - гӯсфандон ва бузҳо бештар буданд. Дар деҳаи Ворӯ хар ҳайвони асосии корӣ ва нақлиётӣ буда, асп камтар истифода мешавад. Дар ин ҷо чорводории маҳаллӣ ва чарогоҳӣ мавҷуд аст. Дар зимистон чорво дар оғил ва тобистон - дар овулҳо, адирҳо нигоҳ медоранд.2 Сокинони Ворӯ овулҳо ва адирҳоро ба забони суғдӣ ағмат меноманд.
Замини корам кам аст, боғдорӣ танҳо дар баъзе ҷойҳо дида мешавад, зеро шароити иқлимӣ ба рушди он мусоидат намекунад. Дар майдончаҳои хурд, болотари деҳа ҷав, гандум, нахӯд парвариш мешавад. Ҳангоми коркарди замин дар нишебиҳои баландкӯҳ мошинҳои замонавӣ истифода намешаванд. Асбоби асосии хоҷагидорӣ мисли пештара, асбобҳои маъруфи шудгор юғу омоч, инчунин юғу сипор ва дост ба шумор мераванд. Бисёр асбобҳои корӣ аз қадим ихтироъшуда то имрӯз боқӣ мондаанд, гарчанде ки аксарият шаклан тағйир ёфтаанд. Асбоби муҳимтарини меҳнат асбобҳои кишту кор буданд, ки барои коркарди замин истифода мешуд.3
1 Деятельность в рамках прогаммы «плюс» по зоониованию источников средств к существовнию в Таджикистане.Специальный доклад сети раннего предупреждения об угрозе голода. FEWS NET. Январь 2011г.-С.
29-31.
2 Рахимов М. Зеравшанская этнографическая экспедиция 1958-1961гг.- Известия АН Тадж. ССР. ООН.-№1(32)-Душанбе, 1963.- С. 56-58.
3 Рахимов М. Ук.соч.- С.54.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё