ҲУНАРМАНДОНИ ДЕҲАИ ВОРЎ

Фарҳанги мардумии деҳаи Ворӯ бо хусусиятҳои махсуси маҳаллии худ ва ҳам наздикии ҷуғрофӣ бо шаҳри қадимаи Саразми аҳди энеолит ва асри биринҷӣ бештар таваҷҷуҳи мардумшиносонро ҷалб намуд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 50 саҳифа
зинапояҳо ва пандусҳо пайваст гардидаанд ва ҳавлии ҳар яке аз онҳо боми росту ҳамвори хонаи ҳамсоя мебошад.
Деворҳои баланди сангин таҳкурсии хонаҳо ба ҳисоб меравад. Дар инҷо ҳавлӣ нест, бинобар ин зиндагии мустақил вуҷуд надорад. Шакли хонаҳо конфигуратсияи номунтазам доранд, баъзан гӯшаҳояшон мудаввар карда шудаанд. Ошхона ва хонаҳои истиқоматӣ пештар равшан набуданд, акнун тирезаҳо ин норасоиро пурра бартараф мекунанд.1 Манзилҳои комуналӣ алоҳида сохта шудаанд.
Тибқи ёддоштҳои мансабдори рус В.В.Динин, “боми заминии ҳамвор, барои истироҳати аъзои оила ва баъзан вақт ҳавлӣ ё фарш барои хонаи дигар, ки қабати болоии ошёнаи якум ба шумор меравад, хизмат мекард.”2 Ҳамин тариқ, ин сақфҳо як навъ “саҳнаи театрӣ”- ро нишон медиҳад, ки дар он ҳаёти шахсӣ, ҷаъмиятӣ ва хоҷагии мардуми деҳа намоиш дода мешавад. Бо ин сабабҳо, дар ин минтақаи зиндагии замонавӣ вуҷуд надорад.
Ҳаёти хоҷагии кӯҳистониён дар бештари мавридҳо ба шароити табии онҳо вобастагии зич дорад. Сифати кишоварзӣ-чарогоҳию табии Ворӯ аҳолии онро бо маҳсулоти тозаи табии таъмин карда метавонад. Даромади аҳолӣ асосан аз ҳисоби чорвопарварӣ: бузу гўсфанд, баъзе вақт моли калон, камтар аз ҳисоби сабзавотҳо мебошад.
Шароити табии ин минтақа имконияти рушди зироати лалмиро дорост. Гандум аз бозоро харидорӣ мегардад. Дар Ворӯ гандум, картошка ва сабзавотҳо хўрокаи асосии аҳолӣ ба шумор мераванд, инчунин меваҳои боғҳои зардолу ва
1Архитектура Советского Таджикистана.Составители: Веселовский В.Г., Мамадназаров М.Х., Мамаджанова С.М., Мукимов Р.С. – Москва, 1987.-
- С. 35, 37, 42.
2 Дынин В.В. Очерки быта горцев верховьев Зеравшана. // Известия Туркестанского отдела РГО. -Ташкент, 1914. –Т. ІХ. Вып. 1. – С.80 себ, олуча, чормағз, картошка, карам, сабзии аз хоҷагиҳои шахсӣ таъмин мегарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё