Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Ин нукта аз ҷониби ӯ дар иҷлосияи XVII Шӯрои Олӣ чунин арзёбӣ гашт: «Сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар асоси эҳтироми меъёрҳои умумибашарӣ, принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва ба мадди назар гузоштани манфиатҳои олии Тоҷикистон фаъолият хоҳад кард. Тоҷикистон манфиатдор аст, ки сиёсати мувозину прагматиро пеш гирад, ки аз пайравии якҷониба холӣ бошад». Самти мазкур дар нутқи барномавии Сарвари давлат дар ҷаласаи навбатии парлумони кишвар тақвият дода шуда, заминаи аввалин Консепсияи сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ташкил дод.
Дар баробари ин дар таърихи навини давлатдории тоҷикон ҳифзу таъмини манфиатҳои миллии он, баланд бардоштани обрӯ ва эътибори ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди беруна барои таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва таъмини рушди устувори кишвар ба таври воқеӣ ва қотеона ба ҳайси ҳадафҳои волотарини сиёсати хориҷии давлат эълом карда шуданд. Дар иртибот ба ин ибтикори раҳнамунсози Эмомалӣ Раҳмон суханҳои шоир ва мутафаккири бузурги фаронсавии асри XIX Виктор Марӣ Гюгоро хотирнишон кардан бамаврид мебошад: «Хусусияти фарқкунандаи ходимони давлатии асил маҳз дар он аст, ки онҳо метавонанд аз ҳар як зарурат, ҳатто аз ҳолатҳои фоҷиабор нафъе пайдо намуда, онро барои манфиати давлат равона созанд».
Аз ҳамин давра сар карда дар баробари ба роҳ мондани муносибатҳои афзалиятнок бо кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил, хусусан Федератсияи Россия ва ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, тавсеа ва тақвияти муносибатҳо бо дигар кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла, кишварҳои форсизабон, олами ислом ва билохира ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳайси меҳвари сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дода шуданд. Дар ин росто принсипҳои асосӣ ва анъанаҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи стратегияи фарогири рушди кишвар пурра барои ҳалли масоили афзалиятноки он, аз ҷумла, таҳкими суботу ваҳдати миллӣ, тақвияти ислоҳоти сиёсию иқтисодӣ, тавсеаи рукнҳои демократии давлатдорӣ ва ташкили ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмини пешрафти босуръати ҳамаҷониба ва ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии ҷумҳурӣ равона гардиданд.
Марҳилаи аввали татбиқи муваффақонаи ин стратегияи фарогир дар муносибатҳои байналмилалии ҷумҳурӣ дурустии онро пурра собит сохт. Минбаъд он бемайлон такмил ёфта, дар маҷмӯъ асоси консепсияи «сиёсати дарҳои боз»-ро, ки 31 декабри соли 2002 зимни муроҷиатномаи солинавии Президенти кишвар ба халқи Тоҷикистон эълом шуд, ташкил дод. Дар асоси ин консепсия Тоҷикистон дар муносибатҳои байналмилалии худ сиёсати хориҷии бисёрсамта, ботавозун ва прагматикиро роҳандозӣ намуда, тавсеа ва таҳкими робитаҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судмандро бо кишварҳои гуногуни олам ба роҳ мондааст.

пешина
аз 228
навбатӣ