Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
Бешубҳа, марҳилаи мазкур сарфи назар аз душворию мураккабиҳои мавҷуда бо ибтикори Сарвари давлат оғози эҳёи сиёсати хориҷии Тоҷикистон гашт ва бидуни муболиға соли 1993-ро метавон чун оғози таҷдиди дипломатияи тоҷик арзёбӣ кард. Дар ин сол ҳамчунин сохтори Вазорати корҳои хориҷӣ таҷдид гардида, фаъолияти он ба ҳайси мақоми асосии банақшагирӣ ва татбиқи сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ ба талаботи замон ҷиҳати тавсеа ва тақвияти муносибатҳои байналмилалии кишвар мувофиқ карда шуд.
Бояд тазаккур дод, ки эҳёи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароите шурӯъ шуд, ки рӯйдодҳои сиёсии кишвар дар солҳои 1991-1992 ва омилҳои берунае, ки онҳоро мутаҳаррик сохта буданд, ба нуфузи байналмилалӣ ва хусусан ба мавқеи он дар минтақа халали ҷиддӣ ворид намуда буданд. Президенти кишвар дар паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2012 оид ба ташаккули сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ сухан ронда, аз ҷумла, чунин иброз намуд: «…ба иллати оғоз ёфтани ихтилофоти дохилӣ, шиддат ёфтани он ва ниҳоят, забона задану доман паҳн кардани оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, раванди шаклгирӣ ва татбиқи сиёсати хориҷии мо бо мушкилоти зиёди мухталиф рӯ ба рӯ шуд».
Воқеият нишон дод, ки дар доираи равандҳои пурталотуми ҷаҳонишавӣ, манфиатҳои геополитикии қудратҳои ҷаҳонию минтақавӣ ва муборизаву рақобати онҳо баҳри манбаъҳои ашёи хом ва сарватҳои табиии сайёра, аз байн рафтани сарҳадҳои идеологии қаблӣ ҷараёнҳои мухталифи сиёсиву мазҳабии экстремистӣ ва террористӣ шакли фаромиллӣ пайдо намуда, барои истиқлолияти кишварҳои алоҳида, бахусус кишварҳои хурд ба монанди Тоҷикистон хатару таҳдидҳои муассир эҷод месозанд. Аз ин рӯ, дар шароити низоми ҷаҳонии бисёрқутба ва мавҷудияти силсилаи марказҳои қудрати ҷаҳониву минтақавӣ, маҳдуд намудани доираи гардиши муносибатҳои байналмилалӣ дар атрофи меҳвари танҳо яке аз онҳо ба талаботи таъмини манфиатҳои миллӣ ва амнияти давлатии кишвар ҷавобгӯ нест. Ин ҳолат, бешубҳа, ба эҷоди заминаҳои сиёсати хориҷии кишвар ва раванди ташаккули минбаъдаи он таъсири бузург гузошт.
Дар ин қарина паҳнои тафаккури давлатии Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадор дар он зоҳир гашт, ки дар иртибот ба рӯйдодҳои марҳилаи аввали истиқлолияти кишвар ва таҳаввулоти геополитикии замони муосир ҷиҳати ҳимояту ҳифозати манфиатҳои олии миллӣ зарурати дар муносибатҳои байналмилалӣ нигоҳ доштани тавозун байни қудратҳои ҷаҳониро саривақт дарк намуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё