Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Он вақте, ки Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Роҳбари давлат дар Қасри Арбоби ноҳияи Хуҷанд аз фарози минбари иҷлосияи XVI Шӯрои Олии ҷумҳурӣ муаррифӣ шуд, дар саҳнаи сиёсии ҷумҳурӣ шахсияти тамоман нав буд. Вале фосилаи кӯтоҳи вақт собит сохт, ки ӯ дар ҳақиқат давлатмадори соҳибтадбир буда, илоҷи мушкилоти пешомадаро пайдо мекунад. Бо шарофати хиради стратегӣ, иродаи қавӣ ва хориқаи (феномен) беназири сиёсии худ, сарвари навинтихоби ҷумҳурӣ тавонист дар як муддати нисбатан кӯтоҳ асосҳои давлатдории миллиро эҳё намуда, шиддати ҷанги бародаркуши шаҳрвандиро дарҳам шиканад ва ба раванди барқарор намудани ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар кишвар оғоз бахшад.
Дар ин замина Роҳбари давлат истифодаи самараноки имкониятҳои байналмилалиро ҷиҳати фурӯ нишондани алангаи ҷанги шаҳрвандӣ ва таъмини сулҳу субот дар кишвар ба ҳайси вазифаи аввалиндараҷаи сиёсати хориҷӣ қарор дод. Ӯ зимни аввалин муроҷиатномаи худ ба халқи шарифи Тоҷикистон аз 12 декабри соли 1992 изҳор намуд, ки барои ба ҷумҳурӣ ёрӣ расонидан ба Созмони Милали Муттаҳид ва ҷомеаи ҷаҳонӣ муроҷиат хоҳад кард.
Ба дунболи ин дар як муддати кӯтоҳ силсилаи тадбирҳое роҳандозӣ шуданд, ки бар асари онҳо вазъият куллан тағйир пазируфт. СММ дар аввали соли 1993 Намояндагии худро дар Душанбе таъсис дод, Фиристодаи вижаи Дабири кулли СММ оид ба Тоҷикистон таъйин гардид. Бо дастгирии кишварҳои дӯст ва созмонҳои байналмилалӣ дар самти бозгардондани гурезаҳо ба ҷойҳои сукунати доимӣ ва барқарор кардани манзилҳо ва иншооти дар рафти ҷангҳо харобгардида корҳои зиёд ба анҷом расиданд. Ҷиҳати сари мизи гуфтушунид нишондани ҷонибҳои даргир кӯшишҳо ба харҷ рафта, дар моҳи апрели соли 1994 бо миёнаравии Созмони Милали Муттаҳид ва иштироки Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони Конфронси исломӣ, инчунин давлатҳои нозир дар шаҳри Москва музокирот байни ҳайатҳои ҳукумати ҷумҳурӣ ва Иттиҳоди мухолифини тоҷик шурӯъ гардиданд. Шоёни зикр аст, ки мулоқотҳо дар доираи раванди музокироти сулҳи тоҷикон дар кишварҳои ба мо дӯст – Россия, Эрон, Покистон, Қазоқистон, Туркманистон, Афғонистон ва Қирғизистон баргузор гардиданд ва роҳбарияти давлатҳои зикршуда барои самаранок сурат гирифтани гуфтушунидҳо тамоми имкониятҳои заруриро фароҳам оварданд.
Ин раванди мураккаб 27 июни соли 1997 бо имзо намудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон анҷом ёфта, ба муқовимати чандсола дар кишвар хотима бахшид. Аҳамияти рӯйдоди мазкур дар суханронии Сарвари кишвар ба муносибати 20-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин арзёбӣ шуда буд: «Баъди зиёда аз панҷ соли мухолифати мусаллаҳона Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки дастоварди нодиртарини халқи тоҷик дар даврони истиқлолият мебошад ва ҳоло таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, ба мактаби омӯзиш табдил ёфтааст».

пешина
аз 228
навбатӣ