Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
Бояд тазаккур дод, ки роҳандозии сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ низ дар он шабу рӯз чун ҷузъи раванди умумии ҳаводиси кишварҳои пасошӯравӣ сурат мегирифт. Ҳамин тариқ, пас аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ шурӯъ аз охири декабри соли 1991 теъдоде аз кишварҳои хориҷӣ истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро эътироф намуда, қисме аз онҳо дар пойтахти он намояндагиҳои дипломатии худро ифтитоҳ намуданд. Дар баробари дигар ҷумҳуриҳои ИДМ Тоҷикистон аз 26 феврали соли 1992 ҳамчун иштирокчии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва аз 2 марти ҳамин сол ба узвияти Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуда буд. Вале мутаассифона, ҳукуматдорони вақт натавонистанд низоми муносибатҳои байналмилалиро дуруст ба роҳ монда, ҷомеаи ҷаҳониро ба танзими вазъи ноороми ҷумҳурӣ ҷалб созанд. Баръакс, бо вусъати ташаннуҷи вазъи ҷумҳурӣ шурӯъ аз тобистони соли 1992 муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ тадриҷан коҳиш ёфта, як қатор намояндагиҳои дипломатии хориҷӣ ҳайатҳои худро ихтисор ва ё фаъолияташонро дар ҷумҳурӣ муваққатан қатъ намуданд.
Вусъати муқовимати мусаллаҳонаи байни ҷонибҳои даргир ва фалаҷ гаштани ҳокимияти марказиву сохторҳои маҳаллии он охири тирамоҳи соли 1992 дар маҷмӯъ тамомияти арзӣ ва истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зери хатар гузоштанд.
Дар чунин вазъият ҷомеаи кишвар ба роҳбаре ниёз дошт, ки аз санъати давлатдорӣ ва иродаи қавии сиёсӣ бархӯрдор буда, ба хотири ба даст овардани манфиатҳои миллӣ, ки бешубҳа афзалиятноктарини онҳо дар ин марҳила ба даст овардани ваҳдати миллӣ ва барқарор намудани сулҳу субот дар кишвар буданд, қудрати барқарор намудани ҳокимияти устувори давлатиро дошта бошад. Чунин шахсиятро метавон бо вожаи «давлатмадор» унвонгузорӣ намуд. Ин мафҳум, ки мазмунан ба вожаҳои русии «государственник» ва «державник» ва то қадре бо истилоҳи англисии «statesman» ҳамвазн буда, чун маҳаки асосии баҳогузории фаъолияти сиёсатмадорон дар илми сиёсатшиносӣ маъмул аст, мутаассифона имрӯз аз луғати сиёсии забони тоҷикӣ ва доираи истифодаи пажуҳишгарони ватанӣ барканор мондааст.
Франклин Делано Рузвелт, Уинстон Черчилл, генерал Де Гол, Жорж Помпиду, Маргарет Тэтчер, Индира Ганди, Дэн Сяопин ва силсилаи зиёди дигар чеҳраҳои сиёсии асри ХХ, ки барои таҳким ва тақвияти пояҳои давлатдории кишварҳои худ хизматҳои арзанда кардаанд, дар таърих ба ҳайси шахсиятҳои давлатмадор эътироф карда шудаанд.
Эмомалӣ Раҳмон аз овони ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шуданаш, ки моҳи ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт, рисолати ҳифзи истиқлолияти давлатии ҷумҳурии тозабунёди тоҷиконро бо дарки комили масъулият барои ояндаи миллату давлат бар дӯши худ гирифт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё