Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Сиёсат падидаест, ки мазмуни басо паҳно ва мундариҷаи хело мураккаб дорад. Вақте кас дар адабиёти бадеӣ ва фарҳангӣ, саҳифаҳои васоити ахбори умум ва дигар сарчашмаҳои иттилоотӣ ба истилоҳоти «сиёсат» ва «сиёсатмадор» дучор мешавад, шояд на ҳама вақт ба мазмун ва қаробати мутақобилаи маънавию амалии ин ду мафҳум мароқ зоҳир намояд. Дар адабиёти илмии сиёсӣ мафҳуми «сиёсат» тавсифҳои зиёдеро доро мебошад. Вале ба назари мо шарҳи он ҳамчун «санъати идораи давлат, ҷомеа ва муносибатҳои байнидавлатӣ» ба воқеият наздиктар аст. Яъне, бо ибораи дигар сиёсат санъати давлатдорист. Ба ин маънӣ барои ходими давлатӣ ҳадафи ҳокимияти сиёсӣ пеш аз ҳама ҳифзи давлат ва рушду таҳкими давлатдории миллӣ мебошад.
Дар ин қарина метавон бо боварӣ тазаккур дод, ки на ҳар як сиёсатмадор аз санъати давлатдорӣ бархӯрдор аст. Таърихи тулонии инсоният сиёсатмадорони зиёдеро дар ёд дорад, ки бо амри тақдир тоҷи давлат бар сарашон гузошта шуда бошад ҳам, бар асари даст надоштан бар ин санъат натавонистанд аз ӯҳдаи муттаҳид намудани ҷомеа, идораи кишвар ва ҳифзи пояҳои давлатдориву истиқлолияти он бароянд. Бар ин иллат императориҳои бузург парокандаву давлатҳои муқтадир ба таназзул мувоҷеҳ шудаанд ва ахиран саҳнаи таърихро падруд гуфта, дар таҳхонаҳои хотири он интихоби макон намудаанд.
Рӯйдодҳои сиёсии кишвари навистиқлоли мо дар солҳои 1991- 1992 ин ҳақиқатро бори дигар хотирнишон сохтанд. Ҳизбу гурӯҳҳое, ки дар ин марҳила рӯи саҳнаи муборизоти сиёсии Тоҷикистон қарор доштанд, аз дарки таҳаввулоти геополитикии замони пасошуравӣ ва пасомадҳои он берун монда, дар думболаи ҳадафҳои маҳдуди худ манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ, оянда ва мақоми кишварро дар ҷаҳони муосири пур аз таҳдиду хатарҳои нав нодида гирифтанд. Дар баробари онҳо силсилаи сиёсатмадороне, ки дар ин давра зимоми ҳокимиятро дар даст доштанд, низ бар асари маҳдудияти иродаи сиёсӣ натавонистанд вазифаҳо ва мундариҷаи фаъолияти давлатро дар ин марҳилаи сарнавиштсоз дуруст муайян намуда, тавассути таъмини тавозуни манфиатҳои гурӯҳҳои мухталифи ҷомеа, онро барои ба даст овардани ҳадафҳои созандаи умумимиллӣ сафарбар созанд. Ба ин маънӣ Саъдии бузург хело нишонрасона фармудааст, ки:

Шамшер қавӣ наояд аз бозуи суст,
Яъне зи дили шикаста тадбири дуруст.

Дар натиҷа, кашмакашҳои шадиди дохилисиёсӣ, ки аз ҷониби
қувваҳои манфиатдори берунӣ таҳрик дода мешуданд, ахиран соли 1992 ба авҷи аълои худ расида, ҷумҳуриро ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ сарозер сохтанд.

пешина
аз 228
навбатӣ