Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
ПЕШВОЕ НАВАНДЕШ
ДАР ТАЪРИХИ МИЛЛАТИ БОСТОНӢ
Зарурат аст, ки афродро саре бошад,
В-агарна мулк нагирад ба ҳеҷ рӯй низом...
Саъдии Шерозӣ
Соли равон халқи шарифи тоҷикро дар думболаи солгарди навбатии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи дигари таърихӣ – 20-солагии фаъолияти сиёсии Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи олии давлатдорӣ, аз ҷумла, дар арсаи байналмилалӣ, дар пеш аст. Дар давоми ин ду даҳсола, ки солҳои ҳифзи истиқлолияти воқеӣ, поягузорӣ ва таҳкими рукнҳои давлатдории миллӣ, ташаккули ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд, роҳандозии рушди устувори кишвар тавассути ислоҳоти фарогири сиёсиву иҷтимоӣ, эҳёи миллӣ ва фарҳангии халқи тоҷик буданд, ҷумҳурӣ дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ бемайлон сиёсати бисёрсамтаро амалӣ месозад. Дар натиҷаи татбиқи стратегияи санҷидашудаи сиёсати хориҷии Сарвари давлат, ки бо унвони «сиёсати дарҳои боз» маълум аст, имрӯз Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мақоми сазовори худро пайдо намудааст.
Аз дидгоҳи имрӯз мусаллам аст, ки ташаккули давлатдории миллии халқи тоҷик ва эҳёи мақому манзалати он дар арсаи ҷаҳонӣ ба заҳмат ва талошҳои пайвастаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон алоқаи ногусастанӣ доранд. Аз ин рӯ, месазад, то тавассути ин китоб, ки ба хонандаи арҷманд пешкаш мегардад, ба фаъолияти пурвусъати байналмилалии ин фарзанди содиқ ва сарсупурдаи миллат бори дигар назар афканем.
Азбаски сиёсати хориҷӣ идомаи сиёсати дохилии давлат буда, вазифаи он қонеъ намудани талаботи ҷомеа тавассути истифода аз муносибатҳои байналмилалист, онро ҷудо аз ташаккули равандҳои умумидавлатӣ баррасӣ кардан имкон надорад. Бино бар ин, баъзе андешаҳои муқаддимавии худро оид ба ташаккули сиёсати хориҷии кишвар, ки дар доираи фаъолияти давлатдорӣ ва таҳти сарварии бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон ба як низоми комил ва ҳадафнок табдил ёфт, иброз хоҳем намуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё