Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
Ба хотири амалӣ кардани ин ҳадафҳо Роҳбари давлат тавассути роҳандозӣ намудани дипломатияи фаъоли иқтисодӣ ва гуфтушунидҳо бо ҳамёрони боэътимоди хориҷӣ қарзҳои имтиёзнок ва сармояро ҷалб намуд, ки сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии Сангтӯда-1, Сангтӯда-2, хатҳои баландшиддати интиқоли барқ, роҳҳо, пулҳо, нақбҳои мошингузар гувоҳи ин мебошад. Дар маҷмӯъ, тавассути чунин коргирии Эмомалӣ Раҳмон ҷумҳурӣ тадриҷан аз бунбасти коммуникатсионӣ баромада, низоми мустақили энергетикии худро ба вуҷуд овард ва таҳкими ин раванд идома дорад.
Дар бобати ба вуҷуд овардани асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷӣ кӯшишҳо ба харҷ рафта, он дар Конститутсияи ҷумҳурӣ инъикоси худро ёфт, Қонун «Дар бораи хизмати дипломатӣ», Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои зарурӣ ба мақсади самаранок ба роҳ мондани фаъолияти мақомоти низоми хизмати дипломатӣ қабул гардиданд. Дар баробари ин, шабакаи васеи намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ба вуҷуд оварда шуд, ки барои таъмин намудани робитаҳои доимӣ ва пайгирии рафти иҷрои тавофуқҳо бо кишварҳои дӯсту ҳамёр нақши муҳим мебозанд.
Ҳамаи ин тадбиру ибтикорҳо ба он овард, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати ҷаҳонӣ ҷойгоҳи худро мустаҳкам намуда, доираи муносибату ҳамкориҳои худро сол то сол тавсеа мебахшад.
Алҳол ба шарофати роҳандозии чунин сиёсат Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати кишвари сулҳдӯсту инсонпарвар, пайрави арзишҳои демократӣ, тарафдори ҳамгироӣ ва ҳамкориҳои бисёрҷониба шинохта шудааст.
Аз ҷониби дигар, Сарвари давлат дар доираи муносибатҳои байналмилалӣ манфиатҳои давлатӣ ва миллии Тоҷикистонро дар зинаи аввали сиёсати хориҷии кишвар гузошта, тавассути риояи тавозун дар робитаҳо бо кишварҳои мухталифи дунё тавонист истиқлолияти воқеии ҷумҳуриро таъмин намояд.
Сиёсати хирадмандона ва фарогири Сарвари давлат имкон фароҳам овард, ки мардуми тоҷик, ба қавли ӯ, «таърихи навини худро бо дастони хеш навишта, саҳифаҳои гузаштаи пурифтихори аҷдодамонро зинда гардонад ва бори дигар ба ҷаҳониён собит намояд, ки созандагиву бунёдкорӣ рисолати суннативу деринаи миллати фарҳангии тоҷик мебошад». Беҳтарин далели ин рисолат кору пайкори созандаи худи сарвари миллат Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯз бо бунёди кохи мӯҳташами Истиқлолият замина ва василаҳои сарсабзиву шукуфоии ояндаи Тоҷикистонро фароҳам меоварад.
Талбак Назаров, академик,
собиқ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё