Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Бо таъмини сулҳу оромӣ дар Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хотири рушду тавсеа бахшидан ба робитаҳои берунӣ сиёсати бисёрсамтаро, ки онро сиёсати «дарҳои боз» низ мегӯянд, пеш гирифта, ҷуғрофия ва самтҳои ҳамкориро хеле вусъат дод. Ба шарофати чунин сиёсати санҷидашуда ва мутавозин Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дӯстону ҳамёрони анъанавии худ теъдоди зиёди кишварҳо ва созмонҳои байналмилалию минтақавиро ба мадори ҳамкориҳои худ ворид намуд, ки барои мустаҳкам кардани мавқеи ҷумҳурӣ дар сиёсати ҷаҳонӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллии он хизмати бузургеро ба ҷо меорад. То имрӯз қариб 150 кишвари ҷаҳон давлати Тоҷикистонро ба расмият шинохтааст ва бо 130-тои он муносибатҳои дипломатӣ барқарор гардидаанд. Ҳамасола Тоҷикистон бо беш аз 100 кишвари ҷаҳон табодули мол сурат медиҳад.
Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ҳамкории судмандро ба роҳ монда, тавассути онҳо дар ҳаллу фасли мушкилоти сайёра ва минтақа, аз ҷумла, проблемаҳои Афғонистон ҳиссаи худро мегузорад.
Миёни кӯшишҳои Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон ташаббусҳои ӯро роҷеъ ба ҳалли мушкилоти об махсусан таъкид кардан лозим аст, ки дар ҷалб намудани таваҷҷӯҳи ҷаҳониён ба масъалаҳои ҷойдошта нақши муҳим доранд. Дар доираи ду ташаббуси аввалӣ
– Соли байналмилалии оби тоза эълон гардидани соли 2003 ва Даҳсолаи амал «Об барои ҳаёт» 2005-2015 дар ҷаҳон ибтикороти зиёд роҳандозӣ шуданд, дар Тоҷикистон бошад чун дар кишвари ташаббускор конфронсҳои байналмилалӣ баргузор гардиданд, ки зимни онҳо барои ҳаллу фасли проблемаҳои ҷойдошта ва табодули назар таклифу пешниҳодоти зиёд ба миён омад. Ҳоло омодагӣ ба ташаббуси дигари Тоҷикистон, ки аз ҷониби СММ қабул гардид – «Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об-2013» идома дорад.
Масъалаи дигаре, ки ҳамеша мавриди таваҷҷӯҳи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт, истифодаи имкониятҳои хориҷӣ барои таъмини пешрафти кишвар ва рушди иқтисоди он мебошад. Вобаста ба мавқеи ҷуғрофӣ, захираҳои табиӣ ва дигар хусусиятҳои хоси худ ҷумҳурӣ баъзе мушкилоте дорад, ки онҳоро тавассути ҷалби маблағгузориҳои бузург ҳал кардан мумкин аст.
Миёни мақсаду вазифаҳои зиёд се ҳадафи стратегӣ – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ аз ҷониби Роҳбари давлат мушаххас шуданд, ки барои тараққиёти минбаъдаи ҷумҳурӣ аҳамияти бузург доранд.

пешина
аз 228
навбатӣ