Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих

САРСУХАН

Имсол дар ҳаёти сиёсии Тоҷикистон ду санаи таърихӣ пеш омад, ки ҳарду ҳам ба сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаи ногусастанӣ дошта, дар таърихи навини кишвар ниҳоят муҳим арзёбӣ мешаванд. Яке 20-солагии баргузор шудани иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигаре 15-солагии ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аст. Ба ин ду руйдоди муҳим санаи дигареро низ илова кардан лозим аст, ки ба ин ҷашнвораҳо алоқаи наздик дошта, дар таърихи истиқлолияти ҷумҳурӣ аз аҳамияти бузурге бархурдор мебошад. Ин 20 соли фаъолияти давлатдории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буда, бидуни шубҳа, тамоми равандҳои ҳаёти ҷумҳурӣ бо он вобастагӣ доранд.
Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон дар замони барои ҷумҳурӣ ниҳоят вазнин роҳбари давлат интихоб гардид ва аз рӯзҳои нахустин дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии худ роҳеро пеш гирифт, ки тавассути он қадам ба қадам кишварро аз ҳолати бӯҳронӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ берун карда, ба маҷрои сулҳу ваҳдат ва пешрафт раҳнамун сохт.
Яке аз хизматҳои бузурги Эмомалӣ Раҳмон дар назди халқи тоҷик фурӯ нишондани ҷанги шаҳрвандӣ ва таъмини сулҳу ваҳдати мардум аст. Дар бораи раванди музокироти сулҳи тоҷикон бисёр навиштаанд, вале он нуктаро бояд бори дигар таъкид кард, ки дар он Президенти Тоҷикистон нақши марказӣ дошт. Ӯ аз оғоз то ба анҷом дар ҷараёни гуфтушунидҳо буд, бо аъзои ҳайати ҳукуматӣ сӯҳбат мекард, дастуру маслиҳат медод, бо лоиҳаҳои санадҳои таҳияшуда шинос мешуд. Ҳафт маротиба мулоқотҳои сатҳи олӣ бо иштироки Президент гузаштанд, ки албатта, дар раванди музокирот нақши асосӣ доштанд. Бо имзо шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон дар пешрафти кишвар давраи нав шурӯъ шуд, ки ба туфайли он дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ иқдомҳои ҷиддӣ рӯи кор омаданд.

аз 228
навбатӣ