Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
Алҳол дар доираи ин сиёсат ҷумҳурӣ бо кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил, аз ҷумла Федератсияи Россия ва ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Иттиҳоди Аврупо, мамолики исломӣ ва дигар давлатҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ робитаҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ба роҳ монда, онҳоро пеш аз ҳама бо назардошти манфиатҳои миллӣ муваффақона амалӣ сохта истодааст.
Дар ин қарина зарурати баланд бардоштани обрӯи байналмилалии ҷумҳурӣ ва пайдо намудани мавқеи арзандаи он дар арсаи ҷаҳонӣ дар фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон аз оғоз мавқеи марказиро ишғол менамояд. Ӯ дар нахустмуроҷиатномаи худ ба мардуми ҷумҳурӣ оид ба ҳадафи ниҳоии ҷомеаи кишвар сухан ронда, онро чунин арзёбӣ намуда буд: «Дар ниҳояти кор кӯҳандиёри мо, Тоҷикистони азиз, бояд дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷои худро ёбад».
Аз ин нигоҳ, тасмимҳои ҷиддии Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати татбиқи бомуваффақияти ислоҳотҳои сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ, бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд, рушди ҳамаҷонибаи ҷомеаи демократӣ дар маҷмӯъ ба сиёсати хориҷии кишвар тақвият бахшиданд. Ба шарофати чунин сиёсати воқеъбинона Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳ тавонист худро дар арсаи байналмилалӣ ба сифати кишвари сулҳдӯсту инсонпарвар, пайрави арзишҳои демократӣ, тарафдори ҳамгироӣ ва ҳамкориҳои бисёрҷониба муаррифӣ намояд.
Вақте сухан дар бораи ҷомеаи ҷаҳонӣ меравад, бояд пеш аз ҳама онро ба назар гирифт, ки тамоми ниҳодҳои иқтисодӣ-молиявӣ ва сиёсии ҷаҳони имрӯза ба ҳам алоқаи ногусастанӣ доранд. Алҳол дар паҳнои сайёра кишвареро пайдо кардан душвар аст, ки сарбаста аз ҷаҳони беруна пешрафти чашмрас дошта бошад. Зеро ғояи пешбарандаи замон ва ҷаҳони имрӯза рушд дар заминаи ҳамкорӣ ва ҳамгироӣ мебошад. Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки сарфи назар аз муноқишаҳои сершумори минтақавию этникӣ, ҳисси табиӣ ҷомеаи ҷаҳониро доимо ба сулҳу субот, оромию ризоият ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд водор месозад. Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ нақши созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ҷиҳати ноил шудан ба чунин ҳадафҳо калон аст. Зеро чунин ташкилотҳо, бавижа Созмони Милали Муттаҳид барои тамоми кишварҳои бузургу хурд сарфи назар аз нуфузу қудраташон имкони баробар фароҳам овардаанд, ки тавассути минбари онҳо мавқеи худро оид ба масоили муассир ва ҳалталаб ба ҷомеаи ҷаҳонӣ иброз намоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё