Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа
Бо назардошти ин, Президенти кишвар ҳамкории Тоҷикистонро бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ҷиҳати пайвастан ба равандҳои глобалии рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ ва изҳори назари ҷумҳурӣ оид ба онҳо, ба ҳайси яке аз бахшҳои муҳимтарини сиёсати хориҷӣ муайян намуда, худ низ дар ин ҷода саҳми назаррас мегузорад. Алҳол ҷумҳурӣ бо созмонҳои бонуфузи байналмилаливу минтақавӣ, қабл аз ҳама, Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории исломӣ ҳамкориҳои ҳамёронаро ба роҳ монда, саҳнаи онҳоро барои арзёбӣ ва пешбурди тасмимҳои байналмилаливу минтақавӣ истифода мебарад.
Дар ин қарина иштирок ва суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 48-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар моҳи сентябри соли 1993 барои кишвари мо оғози яке аз давраҳои муҳим дар ҷодаи пешбурди сиёсати байналмилалии он маҳсуб мешавад. Зимни суханронии худ дар ин ҷаласа Роҳбари давлати Тоҷикистон воқеан бори нахуст мавқеи ҷумҳуриро оид ба масоили доғи байналмилалӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ манзур намуд. Қобили тазаккур аст, ки шоҳшиори Созмони Милали Муттаҳид: – «Бани одам аъзои якдигаранд, Ки дар офариниш зи як гаҳваранд…», зимни суханронии сарвари Тоҷикистон аз фарози ин минбари бонуфуз бо забони асли эҷоди он – лаҳни ноби тоҷикӣ садо дод.
Дар партави ин шоҳбайти инсонпарастона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баъдан борҳо аз минбари Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ оид ба масоили муҳимтарини байналмилалӣ ва таҳдиду хатарҳо ба амнияти умумиҷаҳонӣ, аз қабили муноқишаҳои дохилидавлативу минтақавӣ, терроризми фаромиллӣ ва экстремизми мазҳабӣ, қочоқи аслиҳа ва маводи мухаддир баромад карда, роҳи ҳалли онҳоро аз нигоҳи Тоҷикистон арзёбӣ намуд.
Рушди фарогири кишвар наметавонад аз равандҳои пешрафти тамаддуни ҷаҳонӣ дар ҷудоӣ сурат бигирад. Иштироки нокифоя ё барканор шудани Тоҷикистон аз ин равандҳо метавонад кишвари моро аз маркази инкишофи ҷаҳонӣ фарсахҳо дур андозад. Дар ин ҳол ҷумҳурӣ имкони таъмини самараноки пешрафти иқтисодӣ, расидан ба рушди устувор ва дар маҷмӯъ баланд бардоштани некӯаҳволии халқи худро аз даст хоҳад дод. Бо назардошти ин ибтикори Сарвари давлат Тоҷикистон дар лоиҳаҳо ва барномаҳои байналмилалие, ки дар ин самт роҳандозӣ мешаванд, фаъолона ширкат меварзад. Мисоли равшани ин иштироки Тоҷикистон дар татбиқи Барномаи рушди ҳазорсолаи Созмони Милали Муттаҳид буда, ҷумҳурӣ дар қатори аввалин кишварҳо авлавияти ҳадафҳои миллии худро дар асоси принсипҳои ин барнома муайян намуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё