Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Ноил шудани ҳар як кишвари ҷаҳон ба рушди устувору босубот ба ҳалли масоили глобалие, ки метавонанд мушкилоти умумисайёравиро ба бор оваранд, робитаи бевосита дорад. Дар ин росто ташаббусҳои байналмилалии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бешак аз дарки амиқи ин ҳақиқат сарчашма гирифта, пеш аз ҳама, ба манфиати мардуми кишвар нигаронида шудаанд, вале ҳамзамон татбиқи онҳо дар миқёси сайёра ҷавобгӯи манфиатҳои ағлаби кишварҳои ҷаҳон аст.
Аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфтани силсилаи чунин ташаббусҳо далели он аст, ки ҳалли ин масоил дархӯри ормони миллионҳо мардуми дунё мебошад.
Табиист, ки чунин ибтикорҳои созанда аз мадди назари ҷомеаи ҷаҳонӣ ва чеҳраҳои сиёсии баландмақоми арсаи байналмилалӣ берун намондаанд. Дар ҳошияи Конфронси умумиҷаҳонӣ оид ба иқлим, ки моҳи сентябри соли 2009 дар шаҳри Женеваи Швейтсария баргузор гашт, Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун Эмомалӣ Раҳмонро ба ҷаласаи навбатии Маҷмааи Умумии СММ даъват карда, зимни ин изҳор дошт, ки «иштироки Шумо, ҳамчун роҳбари ташаббускор ва ҷонибдори ибтикорҳои СММ, ба ҳалли масъалаҳои баррасишаванда мусоидат хоҳад намуд».
Бешубҳа, ин шаҳодати дар сатҳи баланди байналмилалӣ эътирофу қадрдонӣ гардидани фаъолияти ба равандҳои ҷаҳони муосир ҳамнабзи Сарвари кишвар мебошад.
Дар ҷаҳони муосир ҳамгироӣ ба яке аз омилҳои муҳимтарине табдил ёфтааст, ки ба рушди устувору босубот, болоравии иқтисодиёт ва таъмини амнияти кишварҳо дар сатҳҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ мусоидат менамояд. Бо назардошти ин Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштироки фаъолонаи ҷумҳуриро дар фаъолияти сохторҳои бисёрҷонибаи глобалӣ ва минтақавӣ ба ҳайси яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии кишвар муайян намудааст. Стратегияи мазкур дар шароити ҷаҳонишавии чи равандҳои хоҷагидориву иқтисодӣ ва чи хатарҳои амниятӣ, ба мисли терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории фаромиллӣ ба сиёсати хориҷии кишвар тавозуни прагматикӣ бахшида, имкониятҳои онро дар мавриди ба даст овардани манфиатҳои миллӣ ва таъмини амнияти кишвар меафзояд. Бо шарофати ин роҳи муайяннамудаи Президенти кишвар алҳол Тоҷикистон на танҳо аъзои фаъоли чунин созмонҳои иқтисодию амниятӣ, аз қабили Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ), Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕврАзЭС), Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Созмони хамкории Шанхай (СҲШ), Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷаъмӣ (СААД) буда, балки худро муваффақона ба ҳайси ташаббускори ба вуҷуд овардани форматҳои нави муколама дар доираи кишварҳои форсизабон (Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон) ва кишварҳои «Чоргонаи Душанбе» (Тоҷикистон, Россия, Афғонистон, Покистон) муаррифӣ намудааст.

пешина
аз 228
навбатӣ