Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Имрӯз вусъати бемайлони таркибаҳои пурихтилофи раванди ҷаҳонишавӣ, аз қабили аз байн рафтани сарҳадҳои иттилоотӣ ва ҳамсонсозии арзишҳои фарҳангию маънавӣ барои ҳувияти (айнияти) милливу давлатии бисёр кишварҳои дунё хатари воқеиро эҷод намудааст. Дар ҷавоб, чун аксуламал ба ин зуҳурот дар равандҳои иҷтимоӣ-сиёсии онҳо тамоюлҳои болоравии омилҳои миллӣ ва фарҳанги анъанавӣ мушоҳида мегарданд ва сиёсати сарвари Тоҷикистон ҷиҳати эҳёи арзишҳои анъанавӣ ва худогоҳии миллию мазҳабии халқи тоҷик маҳз дар маҷрои ҳамин таҳавуллот ҷараён гирифтаанд.
Дар баробари ин, ташаккули симои давлат ва ҳувияти миллии мардуми он дар арсаи байналмилалӣ низ дар ин марҳила аҳамияти хосса пайдо менамояд, зеро дар шароите, ки равандҳои ҷаҳонишавӣ фарҳангу арзишҳои тамаддунҳои мухталифро ба бархӯрд мувоҷеҳ сохтаанд, ин омилҳо дар таъмини робитаҳои нек ва судманди хориҷӣ нақши калидиро пайдо намудаанд. Ин маънӣ бори дигар дар Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ аз 20 апрели соли 2012 чунин таъкид гардид: «Дар шароити ҳассоси имрӯза, ки мо пешорӯи хатари воқеии бархӯрди тамаддунҳо қарор гирифтаем, шиносоии бештару фарогири ҷомеаи ҷаҳонӣ бо фарҳангу тамаддуни қадимаи халқи тоҷик ва дар навбати худ баҳрабардорӣ аз дастовардҳои фарҳангиву илмии дигар халқҳои ҷаҳон, бахусус дар масъалаҳои истифода аз дастовардҳои ақлонӣ ва тафаккури инсонӣ аҳамияти рӯзафзун пайдо мекунад». Дар ин қарина сиёсати муайяннамудаи Сарвари кишвар дар самти тавсеаи робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ ва ибтикорҳои байналмилалии ӯ ҷиҳати дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун миллати соҳибтаърих ва мутамаддин муаррифӣ намудани симои халқи тоҷик гарави ба раванди умумиҷаҳонии мубодилаи дастовардҳои фарҳангию илмӣ ва маънавию ақлонӣ шомил намудани кишвар мебошад.
Аз фарози воқеияти имрӯза ба раванди ташаккули давлатдории миллӣ назар афканда, бо боварии комил метавон изҳор дошт, ки халқи тоҷик таҳти сарварии фарзанди миллатдӯст ва сарсупурдаи худ Эмомалӣ Раҳмон ин роҳи басо душвор ва мураккаби таърихи худро бо сарбаландӣ тай карда, Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари воқеан соҳибистиқлол муаррифӣ намуд. Алҳол ҷумҳурӣ дар байни дигар кишварҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷои сазовори худро пайдо намуда, ҳамчун узви комилҳуқуқи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шудааст. То имрӯз истиқлолияти давлатии онро қариб 150 кишвари дунё бо расмият шинохта, бо аксари онҳо муносибатҳои дипломатӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди иқтисодӣ ва фарҳангию илмӣ ба роҳ монда шудаанд.

пешина
аз 228
навбатӣ