Зеҳн
Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон.

Дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон» паҳлӯҳои гуногуни нақши роҳбари давлати Тоҷикистон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷ додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, дипломатияи фарҳангӣ, муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ташаккули асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷии кишвар инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 228 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Сиёсати хориҷии Тоҷикистон, ки тавассусти иштироки фаъолу муассири он дар равандҳои бисёрҷанбаи минтақавию глобалии ҷаҳони имрӯза муваффақона роҳандозӣ мегардад, ба баланд шудани нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ мусоидат мекунад. Бо туфайли ин сиёсат имрӯз саҳми ҷумҳурӣ дар амалӣ намудани ҳадафҳои глобалии ҷаҳони муосир – таъмини амният ва сулҳу субот, ҳаёти осоишта ва созанда дар паҳнои сайёра аз ҷониби ҳамёрони минтақавию байналмилалӣ ва дар маҷмӯъ ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф карда шудааст.
Дар ин росто сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва фаъолияти пурсамари ӯ ҳамчун сиёсатсолори миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ гарави он аст, ки Тоҷикистон минбаъд низ дар сиёсати дохиливу хориҷии худ ба арзишҳои умумиинсонӣ содиқ монда, татбиқи принсипҳои универсалии он – таъмини сулҳу субот, ҳуқуқбунёдӣ ва рушди ҳамкориҳои байналмилалии баробарҳуқуқро идома хоҳад дод.

пешина
аз 228
навбатӣ