Алиҷуни ҷун

Ин китоб афсонаи халқии тоҷикиро дар бар мегирад. Он хонандагонро бо ҳикояҳои ҷолиби афсонавӣ шинос мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 19 саҳифа
онҳоро бифаҳманд, оё онҳо соҳиби ягон фарзанд мешаванд ё не?
Сеҳргарон дар кашфи ин асрор мушкилӣ мекашиданд, вале ба хотири он ки шоҳ малӯл нашавад, гуфтанд, ки солҳои наздик духтарчае онҳоро интизор аст. Фақат барои амалӣ шудани ин орзу аз макони девон, дар паси кӯҳи Қоф дарахте мерӯяд, аз ҳамон дарахт як дона себ чида овардан лозим.
Шоҳ ба хотири амалӣ гаштани орзуи ҳамсар ва тавлиди фарзанд, яке аз баҳодурони номдори назди дарбораш — Салим-паҳлавонро барои овардани як дона себ фармон дод. Салим-паҳлавон ҷавони қоматбаланди нотарсе буд. Ӯ бо дастааш борҳо бар зидди аҷнабиёне, ки барои ғорату ғасб намудани кишвар ба хоки давлати шоҳ қадам ниҳода буданд, зарбаҳои сахте зада, мулкро аз душман наҷот дода буд. Барои ҳамин, ӯ назди шоҳ қадру манзалати зиёде дошт.
Шоҳ аз хазина ба ӯ як миқдор тангаву тилло ва маводи ғизоӣ дода гуфт:
- Паҳлавон, туро ба кори муҳим мефиристам. Медонам, овардани себ кори осон нест, шояд бо чандин мушкилӣ ва деву париҳо дучор ой, ҷонатро ба гарав монӣ, вале ман ба ту боварӣ дорам. Аз уҳдаи ин супориш, албатта, хоҳӣ баромад ва дар бозгашт туро инъомҳои аз ин ҳам зиёдтару пурқиммат интизор аст. Ҳоло шабе дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё