Зеҳн
Алиҷуни ҷун

Ин китоб афсонаи халқии тоҷикиро дар бар мегирад. Он хонандагонро бо ҳикояҳои ҷолиби афсонавӣ шинос мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 19 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

чашмони худ медид, ки устои оҳангар бо як ҷолокӣ ва паҳлавонӣ чӣ гуна порчаи оҳанро дар кураи пуроташи оҳангарӣ тафсонда, суп-сурх карда, пас бо пуки вазнин кӯфта, шакли порчаи оҳани тафсонро дигар мекунад. Аз порчаи оҳани одӣ даҳҳо намуди асбобҳои рӯзгор месохт: корду дост, тешаву табар, белу каланд ва даҳҳо асбоби дигар. Мардум мушкилоти рӯзгорашонро дар назди устои оҳангар осон мегардонданд. Оҳангар баъзан ба тозакориҳо даст мезад. Асбобҳои нав ба наве месохт, ки бинанда ангушти ҳайрат мегазид. Ихтирооте мекард, ки боиси пешравии рӯзгор ва сабукии зиндагии мардум мешуд. Алиҷон низ назди усто ҳунар омӯхт. Дасташ дар касби оҳангарӣ рост шуд. Бо мурури вақт усто феълу ахлоқи ҳамидаи Алиҷонро дида, ӯро ҳамчун писари хеш дӯст дошта монд ва ҳамаи сирру асрори пешаи худро ба ӯ омӯзонд. Алиҷон ҳамчун устои чирадасту боҳунар номвар гашт. Акнун аз маҳаллаҳои дуру наздик ҳоҷатмандон ба назди ӯ меомаданд. Устои оҳангар, ки акнун каме пиру барҷомонда шуда буд, дигар бо тамоми шавқу завқ кор карда наметавонист ва ҳама умеду орзу ва дили пураш ҳамин шогирдаш Алиҷон буд. Усто як духтари қадрас дошт ва онро ба шогирди вафодораш - Алиҷон никоҳ карда дод.

пешина
аз 19
навбатӣ