Алиҷуни ҷун

Ин китоб афсонаи халқии тоҷикиро дар бар мегирад. Он хонандагонро бо ҳикояҳои ҷолиби афсонавӣ шинос мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 19 саҳифа
шамшер кашида, чизеву касеро захмӣ гардонда буд-кӯ? Баъд Алиҷон назди падар ва модари хеш воқеаи шабона ба амал омадаро нақл карда дод, вале онҳо бовар накарданд. Наход кӯдаки онҳо ба ҳамин кор қодир бошад? Охир, ӯ кӯдаки дев нест-ку? Аз худи онҳо, аз одам зода шудааст. Ва падару модар низ гумон намуданд, ки ангушти навзодро ана ҳамин Алиҷон бо чизе буридааст, вагарна дигар, кӣ ҳам ин корро мекунад? Шоҳ ва ҳамсараш писарашонро хеле коҳиш дода, барои захмӣ гаштани ангушти духтарча танбеҳаш доданд ва кор ба ҷойе расид, ки шоҳ писарбачаи худро аз мулкаш пеш кард:
- Рав, ба ҳар ҷойе, ки мехоҳӣ. Ин хел писар ба мо лозим нест!
Алиҷон ноилоҷ аз қасри падар берун шуд ва рафт ба мулки дигар, баҳри кору зиндагӣ.
Девдухтар бошад, аз шири доя ва обу таоми дарбориён сер нашуда, ҳар шаб ба шикор мебаромад. Ӯро касе дастгир карда наметавонист, зеро ҳар шаб баъди ба хоб рафтани дарбориён ин амалашро ба сомон мерасонд. Ҳар шабе як гӯсфандро мепора кард, шикамсерӣ мехӯрд ва боз ба гаҳвораи худ рафта медаромаду мехобид.
Алиҷон дар шаҳр ба худ коре пайдо кард ва машғули он гашт. Аввал дар дукони оҳангарӣ шогирд истод. Касби оҳангариро омӯхт. Ӯ бо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё