МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Низом Қосим
Манзур «теғи зангхўрда» аст, ки дар қолаби акси ҳамин ибораи маъруф – «зангхўрда теғ» омадааст ва, чунон ки маълум аст, натанҳо дар шеър, балки дар гуфтугўйи авом ҳам бандаки изофӣ намегирад.
Байти дигар:
Афлок бувад қисме ҳаводис чу сиҳом.
Ромии ҳақу омоҷгаҳи афроду аном.
(2, 255)
Мутаассифона, натанҳо сарфи назар шудани мантиқу маънӣ, балки дарку эҳсос накардани вазну савти шеър ба ин дарҳамбарҳамии ғализ расондааст. Шакли равони байт ба тахмин чунин аст:
Афлок бувад қисм, ҳаводис – чу сиҳом,
Ромӣ – ҳақу омоҷгаҳ – афроду аном.
Вобаста ба ҳамин сатрҳо масъалаи дигари таҳияи матни классикӣ – шарҳи луғоти душворфаҳм пеш меояд. Бубинед, ки дар ду мисраъ чанд вожаи эзоҳталаб ҳаст ва, умуман, эҷодиёти Абдурраҳмони Ҷомӣ бо корбурди истилоҳоти мухталиф, калимоту ибороти ноошнои арабӣ ё мушкилфаҳми тоҷикӣ фарқ мекунад. Дар мавриди бисёр байту мисраъҳо метавон гуфт, ки маънии зоҳири луғаташонро фаҳмидан мумкин аст, вале аз маънои истилоҳотӣ ё талмеҳашон, ки огоҳ нестем, боз ҳам ба умқи маънии шеър намерасем. Чун дар ин байт:
Ҷомӣ абнои ҷаҳон аз қавли ҳақ саманду бакм,
Номи эшон нест индаллоҳ ба ҷуз шарруддавоб.
(2, 537)
Манзури мо аломатҳои афтода ва сактаи ҳар ду сатр не,
балки боз ҳам вожаҳои эзоҳталаб аст. Шояд мавҷудияти
«Фарҳанги осори Ҷомӣ» мураттибро аз шарҳи вусъатноки

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё