МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Меҳру сеҳри шеър
Бас мусаллӣ, ки раҳаш нақши мусалло задааст,
Бе ғуборе ба ҳарам каъбараве пай бар даст.
Мувофиқед, ки маънии мисраи дуюм бисёр хароб аст?
Онро ба хати асл баргардонида, дар нисбату муқояса бо вожагону маънии мисраи аввал аслашро метавон дарёфт:
«Беғуборе ба ҳарам каъбаравӣ пай бурдаст».
Дар рўбардор кардани байти зерин ҳам айни ҳамин ҳолат зоҳир шудааст:
Осудагӣ ба хоб надид он, ки такягоҳ Аз гирдиболиши фалаки тезгард кард.
(1, 358)
Таносубу мантиқи байт бисёр устувор аст. Шоир фалакро ба болиш ташбеҳ дода, хоби ўеро н-осуда медонад, ки бар ин болиш такя дорад. Вале чӣ болише – «гирдиболиш»? Ё «гарди болиш», чунон ки дар нашри соли 1964 омада? Ба фикри мо, на ину на он. Манзур «гирдболиш»
аст, ки «гирдаболиш» ё «болиши гирда (гирдак)» ҳам мегўянд.
Гурўҳе аз ин гуна ғалатҳоро танҳо бо барқарор намудани вазни шеър бартараф кардан мумкин аст. Масалан:
«То чанд ба побўсии ту оям густох? – То чанд ба побўси ту оям густох?», «Гўйи зи сафаркунандагони зери замин Бо рўйи заминиён хати тоза расид» - «Гўйӣ, зи сафаркунандагон зери замин Бо рўйизаминиён хати тоза расид» (2, 547).
Ё худ, дар ин байти зебо:
Хуршеди ту зангхўрдаи теғ аст, дареғ,
Пинҳон шуда дар наёми меғ аст, дареғ…
(2, 554)

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё