Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Низом Қосим

рўзномаи «Бухорои шариф» ҳамкорӣ намудани падараш Бақохоҷа аст. Худ, баробари фаъолияти омўзгорӣ, бо нашрияҳои маъруфи замонаш ҳамкорӣ доштааст ва унвони навиштаҳояш – «Барои маорифи тоҷикон», «Матбуоти тоҷикиро тавсия бояд дод», «Тарбияи тоҷикон дар Ўзбакистон», «Тоҷикон забони худро хоҳонанд», «Китобҳои тоҷикӣ», «Дар гирди алифбои нави тоҷикӣ» бозгўйи сатҳи баланди тафаккуру шуур, завқу салиқа ва худшиносиву худогоҳиашанд. Донишмандони муҳтарам Боймурод Шарифзода ва Рустам Ваҳҳоб мавсуфро аз маорифпарварони тоҷик донистаанд, ки комилан дақиқ аст ва фаъолиятҳои пурбори омўзгорӣ, рўзноманигорӣ ва маҳфилороиҳояш (маҳфилҳои адабӣ дар назар аст) инро исбот мекунад.
Дар ҳамин радиф метавон Лутфулло Бузургзодаву Абдушукур Пирмуҳаммадзодаро низ ном бурд, ки низ дар набардҳо алайҳи фашизм ҷони ҷавон бохтаанд, вале дар маҳдудаи замонии умри андаки хеш барои маърифатнокии халқашон хидматҳои босазо кардаанд.
Як воситаи маъмули робитаи адибон, пешниҳоди асарҳо, табодули афкор ва, ба ин восита, пешрафти адабиёт дар тўли асрҳо маҳфилу ҷамъомадҳои адабӣ буданд, ки дар рушду тавсияи маорифпарварӣ ҳам мавқеи муҳим доштанд.
Табиист, ки он маҳфилҳо бо сатҳу савия фарқ мекарданд ва на ҳама иҷтимоан фаъол буданду аз мушкилоти ҷомеа меандешиданд, Аз ду иқтибоси зайл инро равшан тасаввур кардан мумкин аст.
Иқтибоси аввал: «Мулло Амон… андешамандона илова кард:
– Аммо шумо беҳтаринҳо ба чӣ машғулед? Як машғулияти шумо ҳамин ки байтбарак, зарбулмасал ва мақолбозӣ мекунед. Ин дилчасп ва фоиданок аст, забонро фасеҳ ва тоза мекунад. Аммо вақтгузаронӣ аз бекорист…»
Иқтибоси дуюм: «Маҳфили адабии Садри Зиё танҳо бо таҳлили шеъру шоирӣ қаноат намекард, балки доғтарин масъалаҳои иҷтимоии замонро мавриди муҳокимаву баррасӣ қарор медод. Аҳли маҳфил аз бадкориҳои роҳбарони ҳукумат ва калонҳои ҳамон замон шикоят мекарданд, ҳамеша як навъ ҳаракатҳои оппозитсионӣ нишон медоданд, ки дар бедории фикрии адибони ҷавони оғози асри ХХ нақши муҳим бозидаанд».
Мо мутмаинем, ки маҳфилҳои адабӣ, дар ҳар ду шакл ҳам, муфид будаанд ва натанҳо ба сайқали ҳунари бадеии аъзояшон, балки ба рушди тафаккурҳову шуурҳо низ мусоидат менамудаанд.
Чун куллан ҷараёни маорифпарварӣ, ки бо вуҷуди ҳама маҳдудияту маҳрумиятҳо як давраи пурбори худкобию худёбии халқамон буд ва дар роҳи худшиносии инсониву худогоҳии миллиамон қадами пойдору устуворе гардид.

пешина
аз 323
навбатӣ