Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Низом Қосим

Дар бораи муаллифи ин китоб
16 сентябри соли 1958 таваллуд шудааст. Соли 1974 мактаби миёна ва соли 1979 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро бо ихтисоси «филологжурналист» хатм намудааст.
Солҳои 1979–2015 ба сифати мухбир ва мудири шуъбаи рўзномаҳо, ходими маҷаллаи «Садои Шарқ», корманди Идораи тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, сармуҳаррири Вазорати фарҳанг, муҳаррири варзидаи нашриёти «Адиб», директори Муассисаи давлатии «Телевизиони кўдакону наврасон – «Баҳористон», вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. 1 марти соли 2015 бори дуюм вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30 июни соли 2015 Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб шуд.
Аз соли 1987 узви Иттифоқи нависандагони СССР, аз соли 1992 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, муаллифи дувоздаҳ китоби шеър, се маҷмўаи мақолаву очеркҳо, асарҳои саҳнавӣ ва тарҷумаҳои зиёд аст.
Барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ (2006), Шоири халқии Тоҷикистон (2014).
Дар инъикосу муҳокимаи масъалаҳои муҳимми ҳаёту адабиёт фаъолона ширкат меварзад. Мақолаҳои илмии оммавиаш бо тарҳи аёни масъалаҳои мавриди таҳқиқ, таҳлилу баррасии амиқ ва натиҷагириҳои дақиқ диққатҳоро ҷалб мекунанд. Ҳамчунин, дар бораи ҷиҳатҳои алоҳидаи эҷодиёти бисёр адибони маъруф ва ҷавони муосир мақолаҳо навиштааст.
Беш аз сад таронаи ватандўстона ва лирикиаш дар иҷрои ҳофизони шинохта пайваста дар радиову телевизион ва маъракаҳои бузурги фарҳангӣ садо медиҳанд.
Дар қироати комили радиоии ашъори Рўдакӣ, «Шоҳнома», «Маснавӣ» (солҳои 1995–2009) иштирок кардааст.
Узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, Шўрои Марказии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Фаъолияти адабию ҷамъиятиаш ҳамчунин бо медалҳои «Хидмати шоиста» (2001) ва «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2011) қадр шудааст.

пешина
аз 323