Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Меҳру сеҳри шеър

«Бухорои Шариф»… халок шуд» – навишт устод Айнӣ ва қатъи фаъолияти рўзномаи «Тўрон»-ро чунин ба қалам дод:

Эй тарҷумаи ҳоли дил, эй сафҳаи «Тўрон»,
То маҳв шудӣ, монд ба дил доғи фаровон.

Таваҷҷуҳ кунед, ки дар ҳар ду ҳолат ҳам устод, чун аз марги инсонҳои шарифе, изҳори андуҳу таассуф мекунад ва аз зарурати эҳёи онҳо мегўяд:

Рафтӣ, зи кӣ пурсем кунун солеҳу фосид?
Рафтӣ, зи кӣ ҷўем кунун алҳақу бутлон?
Боз о, ки мушавваш нашаванд ин ҳама мардум,
Боз о, ки парешон нашаванд ин ҳама инсон!

Маорифпарварии тоҷикро метавон ба давраҳои гуногуне тақсимбандӣ кард, ки ҳар кадом ба шахсиятҳои барҷастае такя дорад. Ҳар давра дорои шарту шароит ва доираву муҳити хоси худ аст, вале ин давраҳо дар маҷмўъ як силсилаи заррини таҳаввули афкори ҷамъиятиву бадеии мардумамонанд, ки дар маҳдудаи худ намонда, ба ояндаи таъриху адабамон таъсиргузор будаанд.
Ҳақ ба ҷониби донишманди муҳтарам Худоӣ Шарифзода аст, ки мегўяд: «…ҷунбишҳои фикрӣ аз Аҳмади Дониш то Айнӣ қабл аз инқилоби шўроҳо ҳамчун заминаи фарҳанг ва адабиёти миллии тоҷикӣ шудаанд».
Шахсан бандаро кору пайкори як маорифпарвари солҳои бисту сӣ – Ҳамид Бақозода мутаассиру мафтун кард.
Аввалин чизе, ки дар ҳолномаи ў диққатро ҷалб мекунад, бо

пешина
аз 323
навбатӣ