МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Меҳру сеҳри шеър
бузург танҳо ба танҳо, «худ менавиштанду худ мехонданду худ мегиристанд». Вале батадриҷ, дар ҳамин заминаҳо, шахсияту гурўҳҳое пайдо шуданд, ки аз гуфтану навиштан ба амал, аз қавли устод Айнӣ, аз амалҳои нақлӣ «ба ҳуҷуми феълӣ» гузаштанд. Масалан, домулло Авазмуҳаммади Хуҷандӣ ба ҷадвали расмии дарсҳо тафсиру фиқҳ ва маониву баёнро дохил кард, мулло Ҷўрабой, Абдулвоҳиди Мунзим, Абдулқодир Шакурӣ, Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, Саидаҳмади Васлӣ ва дигарон бо ҳазорон мушкилу монеа мактабҳои нав таъсис доданд, Садриддин Айнӣ кутубу воситаҳои таълим таҳияву тарҷума кард. Душвории ин амалҳои маорифпарваронаро иқрори мунсифонаи устод Айнӣ равшан таҷассум мекунад: «Лекин ин гуна эълоноту тааҳҳудот дар назди мо, бухориён, ки аз олам хабаре надоштем, дурўғу лофи беасл менамуд. Азбаски мо ҷоеро надидаву маҳофили илмии шаҳреро наозмуда будем, фикри мо зиёда маҳдуд буд. Ҳамин чоҳҳои сиёҳи худро мактаб, ҳамин чўбу фаллоқи худамонро асбоби хату саводбарорӣ меангоштем…».
Усули ҷадиди таълим бачаҳоро дар ду моҳ хатхону хатнавису ҳисобдон карда, зуд бартарии аёнашро аз мактаби куҳнае, ки асрҳо мавҷуд буду тавассути тасвири барҷастаи устод Айнӣ роҳу равишаш пеши назари ҳамагон аст, нишон дод. Мактаби нав кўдаконро на танҳо зуд босавод менамуд, балки дар муҳити созгор ва бо муносибати инсонвор сарозоду вораста тарбия мекард ва ҳадафаш ба майдон овардани насли донишманду соҳибшууре буд, ки худро бишносаду қадри худро бидонад. Ин ҳама обрўи дастаи маорифпарваронро, ки, аз қавли устод

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо