Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Низом Қосим

маҳз бо зуҳури ҷараёни маорифпарварӣ ба як ҳаракати умумии ҷамъиятии адабию бадеӣ табдил ёфтанд.
Мусаллам аст, ки дар охири асри XIX ва аввали асри ХХ аморати Бухоро ба авҷи ҷаҳолату ҳамоқат расида буд.
Аз қавли нависандаи андешапарварамон Ўрун Кўҳзод, «дар ягон гўшаи дунё чунин нобаробарӣ, чунин ноҳақкорӣ ва чунин торикиву бехабарӣ набудагист».
Далелҳои гуногуни ин ҷаҳолату ҳамоқат тавассути осори Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Абдурауфи Фитрат, Ҷалол Икромӣ ва дигарон ба аҳли мутолиа маълуму машҳуранд.
Ҷиҳати дигари воқеияти он давра ба Осиёи Миёна омадани русҳост. Ин рухдод, бо вуҷуди ҳадафҳои стратегии империяи Русия, дар таҳрики тафаккури фарзандони худшиноси сарзамин нақши сазовор гузошт ва батадриҷ шахсияту гурўҳу маҳфилҳои адабию ҷамъиятиеро ба майдон овард, ки аз ҳаққу ҳуқуқи инсонии халқ ва симои сазовори кишвар мегуфтанду менавиштанд. Меҳвари гуфтаву навиштаҳои онҳо босавод кардани мардум, тарбияи насли огоҳу худшинос ва ба ин восита маҳдуд намудани доираи таассубу хурофоту ифрот буд.
Боз ҳам, аз қавли адиби мазкур, «равшанфикрони Бухорои аввали асри ХХ дар таърихи аморат аввалин дастаҳои муттаҳиде буданд, ки ба ҳаёти халқ ва тақдири мамлакат маҳз аз ҳамин поя – пояи маърифат кардани таърих ва имрўзу фардои зиндагӣ менигаристанд».
«Аввалин дастаҳо»-и равшанфикр батадриҷ пайдо шуданд, дар оғоз нафарону гурўҳчаҳое буданд, ки ба ҳар тарз амал мекарданд. Қисме чун маҳфилҳои унс «менишастанду мегуфтанду бармехостанд», қисме, чун Аҳмади Дониши

пешина
аз 323
навбатӣ