МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Меҳру сеҳри шеър
давраи пурарзиши ҷомеаву адабиётамон аз ҷониби муҳаққиқони таъриху адаб нисбатан ҳамаҷонибаву муфассал тадқиқ шудааст. Яъне, дар ин хусус сухани тозае гуфтан душвор аст ва ин ҷо танҳо зикри чанд нукта оид ба се рукни муҳимми маорифпарварӣ – мактаб, рўзнома ва маҳфилҳои адабӣ бамаврид менамояд.
Маорифпарварӣ ҳамон маърифатпарварист, ки дар ҳама давру замонҳо камбудиву норасоиҳои ҷомеаро бо роҳи дарку маърифату дониш бартараф кардан мехосту мехоҳад. Аз ин рў, агар васеътару амиқтар бингарем, тамоми адабиёти ҳазорсолаамон ба маҷоз маорифпарварист ва ё ақаллан заминаи боэътимоди он аст. Агар ҳадафи маорифпарварон бо тарғиби илму дониш расидан ба адлу инсоф ва комилтар намудани инсону ҷомеа бошад, асарҳои адибони классикамон, аз устод Рўдакӣ то устод Айнӣ, бо афкори беҳамтову ғояҳои воло ва эҳсоси пурдилонаву ҳушдорҳои оқилона, намунаҳои олии ин ташвиқу талқинанд.
Лекин алҳол мушаххасан сухан дар бораи ҷараёни ҷамъиятиву сиёсие меравад, ки барои беҳбуди рўзгори мардум маърифатро аслиҳаи муборизаи хеш қарор дода буд. Ин ҷараён дар се-чор асри қабл тамоми дунёро фаро гирифта, адибону мутафаккирони бузургеро ба миён овард. То зуҳури мубораки он тақрибан кулли маърифат дар атрофи дин ва таълимоти мазҳабҳои гуногун мечархид ва аз ин доира убур карданаш тасаввурнопазиру муҳлик буд. Ҳарчанд ки гулхани бузурги адабиёт ҳамеша аз шуълаҳои барҷаставу рўшану гармибахшои воқеъбинию воқеънигорӣ ва ҳақҷўйиву ҳақгўйӣ пур буд, ин сифатҳо

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо