Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Низом Қосим

КАС НАБУД АЗ РОЗИ ДОНИШ БЕНИЁЗ…

(Нақши адабиёт дар ҷараёни маорифпарварӣ)

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз,
Кас набуд аз рози дониш бениёз,
Одамони бихрад андар ҳар замон
Рози донишро ба ҳар гуна забон
Гирд карданду гиромӣ доштанд,
То ба санг-андар ҳамебингоштанд…

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати нави маорифу фарҳангро ба вуҷуд овард, чунки бе маърифати амиқи дирўзу имрўз ва маданияти созандаи замонӣ аслан озодиву ободӣ имконнопазир аст. Аз ин рўст, ки ҳар сол қисми бузургтарини ҳазинаи давлат сарфи соҳаҳои маорифу фарҳанг мешавад, аз ин рўст, ки Сарвари давлат натанҳо дар ҳама суҳбату суханрониҳо зарурати маърифатнокию бошуурии ҷомеаро таъкид ва донишмандонро ба омўзиши амиқтари таъриху тамаддунамон даъват мекунад, балки худ ба тадқиқи гузаштаи пурифтихори миллат рў оварда, пайваста саҳифаҳои маърифатбахшою омўзандаеро манзури ҳамагон менамояд.
Маорифпарварӣ яке аз саҳифаҳои дурахшони маънавии бисёр халқҳо буда, дар ташаккули худшиносиву худогоҳиашон нақши муҳим дорад. Он дар давраҳои тиратарини таърих чун шамъи дурахшон дилҳоро рўшан ва роҳи ояндаро муайян намудааст. Ин ҷараён як зинаи муҳимми натанҳо адабиёт, балки афкори ҷамъиятӣ ва таҳрикбахши худшиносиву худогоҳии халқи мо низ будааст ва чун як

пешина
аз 323
навбатӣ