МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Меҳру сеҳри шеър
модар» ва симои эҷодии ҳунарпешаҳо Туҳфа Фозилова, Аслӣ Бурҳонов, Гурминҷ Завқибеков, Ҳошим Гадоев, Амон Қодиров аст. Як чиз равшан мушоҳида мешавад, ки Афсаҳзод драматургия ва театрро самимона дўст медошт ва, чунон ки аз як пора хотирааш бармеояд, дар чанд рўзи дар Маскав буданаш ҳар бегоҳ ба спектакли яке аз театрҳо мерафтааст ва ҳатто ба Театри калони СССР рафта, операву балет ҳам дидааст. Ба хотири драматургия ва театр ҳатто аз танқиди шадиду ҳаққонии асарҳои муаллифони соҳибному соҳибунвон низ худдорӣ наменамуд. Дар ин хусус гуфтаи драмнависи машҳур Ғанӣ Абдулло хеле бамаврид аст: «Саъйу кўшишҳои ҷасуронаи ўро дар бобати дарки амиқи мушкилаҳои драматургияву театр… махсус хотирнишон бояд кард».
Навиштаҳои зиёди Аълохон Афсаҳзод оид ба масъалаву мушкилаҳои ин ҳунар дар маҷмўаи «Зиндагӣ дар саҳна» фароҳам омадаанд ва муаллиф барҳақ «бозӣ дар саҳна» ё «ҳунарнамоӣ дар саҳна» не, балки маҳз «зиндагӣ дар саҳна» гуфтааст, чунки театр ва яке аз рукнҳои муҳимтарини он – драматургия воқеан оинаи зиндагиянд. Ва муболиға нест баҳои баланди драматурги шинохтаамон Ҷумъа Қуддус, ки ин китобро «таърихномаи театру драматургияи муосири тоҷик» номидааст.
Кам нестанд олимону адибоне, ки бо дарёфти андак ному мақом худро ба сояи осоиши тамом ё камубеш мекашанд, вале дар мавриди Аълохон Афсаҳзод акси ҳол мушоҳида мешавад. Яъне, доктору профессор ва адибу олими воқеан шинохтаву муҳтарам шудан натанҳо аз заҳмату ҳосили ранҷи ў накоста, балки бамаротиб онро зиёдтар кардааст ва зиндагии пурмаънои ин шахсияти маъруфи илму адабро метавон дар ин чанд калима гунҷонд – муҳаббати фурўзон ба фарҳанги миллӣ ва хидмати фаровон ба фарҳанги миллӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо