МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Низом Қосим
падидаи ин шохаи илми адабиётро дармеёбад, балки вазифаи волотари ширкат дар рушду тавсеаи муносибатҳои неки халқу давлатҳоро ҳам дорад. Хусусияти барҷастаи мақола ва очерку эссеҳои зиёди Аълохон Афсаҳзод, ки аз қавли профессор Расул Ҳодизода дар «сабки публитсистиву бадеӣ» ва ба мушоҳидаи дақиқи устод Икромӣ «ба услуби гуворову забони фасеҳ» иншо шудаанд, маҳз ҳамин аст.
Самти дигари фаъолияти Аълохон Афсаҳзод дар соҳаи равобити адабӣ тарҷумаҳои фаровони ў, бахусус намоишномаҳои Жан Батист Молйер «Ашрофпараст», Александр Остовский «Гирдоби бало», Тавфиқ ал-Ҳаким «Султони ҳайрон», Евгений Швартс «Шоҳи урён», Саид Ҷамол «Гули сиёҳ», Сарвар Азимов «Сароби хунин» ва ғайра аст, ки рўйи саҳна омада, дар тарбияи завқи хонандагону тамошобинон ва рушди тарҷумаи бадеӣ саҳми арзанда доранд.
Азбаски драма ва таҷассуми саҳнавии он аз қадим мавриди таваҷҷуҳ будааст, тадқиқи драматургия яке аз рукнҳои муҳимми адабиётшиносии муосир мебошад ва дар ин кор ҳам Аълохон Афсаҳзод дасту шасти тамом дорад. Оид ба чӣ гуна оғоз карданаш ин роҳро менависад: «Репертуари ҳар се театри Душанберо дар солҳои 1957–1958 пурра тамошо карда, ба воситаи хондани китобҳои театршиносон чӣ будани театрро фаҳмида гирифтам… Ниҳоят фикрҳояро роҷеъ ба намоишномаи «Муъҷиза» бо номи «Муъҷизаи дўстӣ»
навишта, ба газетаи «Комсомоли Тоҷикистон» бурдам. Онро зуд чоп карданд. Ин 1 ноябри соли 1959 буд». Яъне, хеле ҷавон ба тадқиқу ташвиқи драматургияву театр рў оварда, тамоми умр ин кори муҳимро идома додааст. Ҳосили ин ҷанбаи фаъолияташ мақолаҳои зиёде оид ба намоишномаҳои Сотим Улуғзода «Гавҳари шабчароғ», Ғанӣ Абдулло «Суруди кўҳсор», Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ «Муҳаббат ва шамшер», Фазлиддин Муҳаммадиев «Вопасин амири амиралмуъминин», Аъзам Сидқӣ «Адои қарз», Файзулло Ансорӣ «Ҳукми

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо